Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

То даме бо кӯҳсоронем,
Танҳо нестем:
Оҳи мо, овози моро
Мекунад ҳар санг такрор,
Саршумори тоҷиконро
Мекунад ҳар санг бисёр.
ПАС АЗ МО
Пас аз мо одаме мехезад аз олам,
Ки дасташро ба рӯи шонаи хуршед хоҳад бурд,
Ба мо – аҷдоди беҳад содааш ҳам фахр хоҳад кард
Ва ҳам афсӯс хоҳад хӯрд,
Ки мо ҳам чанд дар дунё
Гаҳе пайғамбарӣ кардем,
Барои худ пайафкандем ҳайкалҳову минбарҳо
Ва дар ҳукми худое зиндагӣ кардем.
Ва гоҳе низ дунёро сабақ додем,
Сареро то панаҳ кардем, сар додем,
Гаҳе дар пушти минбарҳо,
Гаҳе дар пушти сангарҳо…
Пас аз мо одаме мехезад аз олам,
Ки сар бар осмон соида,
по бар Каҳкашон мемонад он одам
Ва ӯ бори замин -
Бори тавонфарсои ин сайёраи «шаккоки» деринро,
Ки ӯро то кунун аз осмонҳо сангборон мекунад шайтон
Ва ӯро зери пояш тирборон мекунад инсон,
Чу бори хеш мебардорад он одам,
Чу бори хеш бе миннат
Бе миннат.
Пас аз мо одаме мехезад аз олам,
Ки одам асрҳо дар зиндагии хеш ӯро орзу мекард.
Бурун шуд борҳо бо ин ҳаво аз расми яздонӣ,
Ибодатхонаро бишкаст,
Ба сӯи осмонҳо тир зад чун бар худовандӣ,
Гаҳе Шаддоду Қорун шуд,
Гаҳе Намруд.
Гаҳе Хайёму Сино шуд,
Гаҳе Маҳмуд,
Гаҳе бо худ,
Гаҳе бе худ.
Чи инсоне, ки хашму раҳми инсонӣ-ш,
Гаҳе зода, гаҳе нозода гӯраш кард.
Гаҳе бинову гӯёеву гоҳе гунгу кӯраш кард,
Гаҳе бар хоку бар хокистараш биншонд.
Гаҳе аз ҳадди худ болотараш биншонд.
Чи инсоне, ки ӯ аз фитнаи инсони шайтоне
Ба хуни хештан олуда шуд бисёр,
Басе лангид дар пеши «бузургонаш»,
Басе нолид дар гӯри шаҳидонаш.
Аё санги бузургӣ -
Сангҳайкалҳои арбобон,
Ки дар дунё ба ҷои мурдаҳо рӯидаед аз хок,
Замоне аз шумо ҳам дар қазоватҳо
Нишони бенишонҳоро ҳамехоҳанд,
Гуноҳи бегуноҳонро ҳамепурсанд…
Пас аз мо одаме мехезад аз олам,
Замину осмонро мекунад тармим.
Уфуқҳои дигаргун мешавад пайдо
Пас аз мо.
ХАТИ СУРХ
Аз Ватан дур гарчи бисёр аст
Зиндаю мурдаи ба ному нишон,
Лек осон набуду осон нест
Аз Ватан дур мурдани мардон.
Аз Ватан дур метавон ҷангид
Дар ҳама сангарони навъи башар,
Бигузашт аз даруни оташу об,
Хест аз байни дуду хокистар.
Метавон ҷумла дарди одамро
Бедаво диду дар тани худ дид,
Аз ҳама заҳру оби одамкуш
Аз Ватан дур қатра-қатра чашид.
Метавон ҳамчу марди нофармон
Дар хаёли ҳазор миллат буд,
Якка бар ҷои сарбадороне
Бандии сад ҳазор давлат буд.
Бар ҳама додгоҳи рӯи ҷаҳон
Ҷон ба каф лангу кӯр шуд ҳозир,
Ҳамчу як одами адолатҷӯ
Гардану дасту пой дар занҷир.
Нозам онро, ки як сари тоқаш
Шуд нишони ҳазор тиру камон,
Сабақу дарси ҷонфишонӣ гирифт
Рӯзи ҷонбозиаш замину замон.
Он ки худ дар дилаш ғаме дорад,
Нест ӯ бе ғами дигарҳо ҳам.
Душмани ҷони ҳар қабилаю халқ,
Душмани ҷони ӯст дар олам…
Аз Ватан дур гарчи бисёр аст,
Зиндаю мурдаи ба ному нишон,
Лек осон набуду осон нест
Аз Ватан дур мурдани мардон…
Метавонам ба вақти доду ситод
Дар сафи бардаҳои балвоӣ
Кард то Ҳинду Чину Руму Фаранг
Қитъа бар қитъа корпартоӣ.
Лек рӯзе маро барандозад
Тири ноҳақ аз арсаи пайкор,
То диламро ба сангҳо монам,
Мехазам синамол сӯи диёр.
Мехазам синамол сӯи Ватан
Бо сару дасту пои хунрезон,
Қитъа бар қитъа мекашам хати сурх
Аз пайам то канори кӯҳистон.

пешина
аз 110
навбатӣ