Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аммо соҳаи ҷарроҳӣ бемислу монанд аст. Бо пули калон мурдаи садсоларо зинда мекунанд. Аз Хитой дилу ҷигар, аз Россия чашму гӯш, аз Ҳиндустон дасту по оварда, одам месозанд.


Дар ин мулк хурду бузург саргарми хариду фурӯшанд, ба ҳама чиз бо чашми харидору фурӯшанда менигаранд. Ва ин харидуфурӯш на танҳо бозору магазинҳо, кӯчаю хиёбон, дару девор, матбуоту радиою телевизион, балки гӯшу ҳушу фикру хаёли мардумро низ пурра фаро гирифтааст. Ба ҳар тарафе нигарӣ, чархофалаки барқу зарқи реклама гардон аст. Рӯзномаҳо тал-талу тахта-тахта реклама нашр мекунанд. Реклама менавозад, месарояд, мечархаду мерақсад, медурахшаду месӯзад, пару бол мезанад.
Реклама тӯфони печдарпечи ҳангомаю дағдағаест, ки аҷалаю васвасаю шӯру шанг барпо менамояд. Мардумро чунон танг мегирад, ки фурсати андешаю сабру қарор намеёбад. Реклама афсунгари чашму азоимхони гӯш аст. Бо ҳазор рангу бо ҳазор тасвир чашмро мекашаду бо ҳазор оҳанг гӯшро менавозад. Вале дурӯғ, дурӯғи сурху сафед, дурӯғи сабзу кабуд, дурӯғи нилобию гулобӣ, дурӯғи ҳафтранг. Айнан монанди дурӯғи Афандӣ, ки бо дағдаға як халта хокистарро дорӯи мушкушак гуфта мефурӯшад. Охир касе мепурсад, ки бо ин дору чи бояд кард, Афандӣ халтаашро такида мегӯяд, ки мушро мурданак ба ҷорӯб зада, ба болояш мепошӣ.
Дар ин бозори қиёмат айёрӣ низ айёрии Афандист, ки шутурашро ба фурӯш монда, гурбаашро ҳам бар он мешинонад. Ва ба чор тараф ҷор мезанад, ки шутурамро ба як танга мефурӯшам. Як бозор барои шутури арзон кашокашу кашталканӣ мекунад. Ниҳоят, касе афсори шутурро сахт медораду гурбаро бардошта партофтанӣ мешавад. Афандӣ хандида, шутурро бегурба намефурӯшам, мегӯяд, шутур як танга, гурба сад танга.
Ин бозори тӯфонии тӯфандаро «Busyness» (тиҷорат)-у айёронашро «Busynessmen» (тоҷирон) меноманд, ки Самаки айёрро зин зада савор мешаванд. Ва дар ин бозор нозу неъмати алвон фаровон аст. Молу матоъе, ки ҳамчун ахлоту партоба партофта мешавад, аз тамоми моли дӯкону магазинҳои Душанбе барин шаҳракҳо бештару беҳтар мебошад. Ва ин бозор лабрезу моломоли «Excuse», «SORRY», «Okay», «Thanks»23 буда, ҳавои даму нафаси муштоқонаш бӯйи атру гулоб мекунад. Ин бозор он қадар поку покизаю тамиз аст, ки дар рӯйи фаршаш рӯятро мебинӣ. Дару девор ба сони хонаи арӯс пур аз гулу гулдону шилшилаю силсилаю овеза. Беҳтарин достонҳои мусиқиро дар ин бозор мешунавӣ.


Чаро ин қадар ҷуҳуду арманию баптисти украин паноҳандаи Америка мешаванд? Оё ба хотири дигарфаҳмию дигарандешӣ? Магар аз ҷабри таъзиқи миллӣ? Не! Танҳо бӯйи нони муфтро шамида ҳуҷумидаанд. Балки ҳамчун каргас пояшон раг кашидааст, ки «фудбанкҳо»-и Америка нони бепулу «Велфер» ва «Дизабилити пеншен»-аш нафақае медиҳанд, ки дар хоби шабашон надидаанд. Ба замми ин,бибию бобою бобокалони худашонро нигоҳубин карда, маҳона мегиранд. Ба ин мақсад, пиру маъюбу маслуқашонро дар занбарҳо бардошта, Америка овардаанд.
Ва ба «Программаҳо»-и манзилӣ шомил шуда, ройгон хона мегиранд. Боз ҳавою ҳаваси мошинҳои арзонбаҳо, ки ба сагу пишак дастрасанд.(…) 23Маро мебахшед; узр; хеле хуб; ташаккур.


Агар Шӯравӣ динро аз давлат ҷудо медошт, Америка умуман аҳолиро аз давлат ҷудо кардааст. Аҳолӣ аз кори ҳукумату роҳбарият бехабар аст, зумрае раисҷумҳурро намешиносанд. Аз маҷлису барномаҳои ҳукуматӣ мухтасар ахбор дода мешавад. Фаъолияти Конгресс маълум нест.

пешина
аз 110
навбатӣ