ЗАМИНИ МОДАРӢ

(…)Агар Темурро дида бошед, дар мӯйи сараш аз пешонӣ як туғ мӯйи мавҷзадаи печон дошт, ки онро пас аз маргаш ман қайчӣ карда ба ёдгорӣ гирифта будам. Акнун дилам месӯзад, ки он ёдгории азиз дар ҷайби либосҳои хонагиам, дар Душанбе мондааст.
ШАҲРИСТОНИ ИМОРАТҲОИ ОСМОНХАРОШ
Дар фурӯдгоҳи Нию-Йорк шамоли хунуке нештар мезад. Дар тани ман ҳамон плаши куҳнае буд, ки панҷ сол дар Душанбе (ҳатто дар ҳабсхона), чанд вақт дар Теҳрон, чанд моҳ дар Ҳоланду Норвеж ва ду сол дар Маскав мепӯшидам. Феълан ҳам, се сол инҷониб дар Америка мепӯшам. Таъҷилӣ, худи ҳамон рӯз ба штати Флорида расидем. Ғуруби офтобшинаш, ҳамчун кундаалови азиме забона зада, сурхӣ мекард, ки хеле аҷоиб менамуд. Лекин ношинос. Табиату обу ҳавои ношинос, мардуми ношинос, хонаҳои ношинос, селу дарёи мошинҳои ношинос, хазандаю парандаҳои ношинос, ҳатто ҳашаротҳои ношинос.
Одамон дигар хел гап мезаданду парандаҳо дигар хел мехонданд. Ғукҳо дигар хел қур-қур мекунанду булбулҳо дигар хел чаҳ-чаҳ мезананд. Атроф халиҷу уқёнусу нахлистону ҷангали анбӯҳ ва ушнаю печакҳое ҳамчун ҷилу ҷанда аз шохаҳои дарахтон овезон. Аммо чанорҳояш айни чанорҳои мо. Танҳо ҳамин чанорҳоро мешинохтем.
Дар Америка чизе, ки зуд мушоҳида мешавад, салому табассум аст. Ба шиносу ношинос салом дода, табассум мекунанд. Агар аз дари магазин дароӣ, ғарқи салому табассуми фурӯшандаҳо мешавӣ. Салому табассум мисоли гулдастаест, ки дар ҳар сари қадам ба ту такдим мекунанд.
Албатта, салому табассумҳои сохтаю хушк, вале форам.
Дар тӯйҳо мошинҳои оростаро корвон намебанданд.
Рақсу бозӣ дар кӯчаю хиёбон ва ҳофизони ҳар-ҳарии тӯйгарди дайду нестанд. Тӯйу тантана номаълум, бе резу чош дар ресторанҳо мегузаранд, бо ҷамъияти андаке, иборат аз чанд нафар. Маросимҳои дигар ҳам ба ҳамин тартиб, беҳангомаю қиғу чиғ.
Ҷамъияти сармоядорӣ аз се табақа иборат аст:
сармоядор, миёнаҳол ва муздур. Сармоядорон аслан дар чашм наменамоянд. Дар пушти сангарҳои тиллоияшон фосила гирифтаанд, ки мавриди рашку ҳасаду ситезаи мардум нашаванд. Ин табақа танҳо пулу банку моликият мешиносад.
Табақаи олиҷаноби Штатҳои Муттаҳида табақаи миёнаҳол мебошад. Ҳама корҳои хайр кори ҳамин табақаи башардӯст аст, аз ҷумла кӯмакҳои башардӯстона. Мо ба табақаи муздур тааллуқ дорем. Бинобар ин, ҳар чизе, ки ман менависам, аз ҳамин мавқеъ менависам.
Бори аввал ба духтур дучор шудам. Дандонам дард мекард. Ташхис карда, гуфт, ки дандонам вайрон нест, андак газак гирифтааст, ба шашсад доллар табобат кардан мумкин. Гуфтам, ки надорам. Агар, ки надорӣ,
-гуфт, - Биё, ба дусад доллар канда мепартоям, канданаш хеле арзон меафтад. Боз ҳам муомилаи мо напухт ва ман як соли расо бо дарди дандон гаштан гирифтам.
Яъне табобат дар Америка беҳад гарон аст. Барои як рентгени оддӣ 800 доллар лозим, моҳонаи якмоҳаи як коргар. Онҳое, ки дар ширкатҳои калон кор мекунанд, каму беш аз ҳисоби ширкат табобат мешаванд. Вале касони дигар, агар ки пул надошта бошанд, имкони табобат надоранд. Бинобар ин, аз системаи тиббию духтуронаш, ки сармоядорони харпули дараҷаи аввал мебошанд, ҳама норозиянд. Табобаташон ҳам хубӣ надорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё