ЗАМИНИ МОДАРӢ

Мо хислатҳои дигар доштем. Масалан Темурро агар дӯғ мезадем, зайли заргӯшаке, ки дар бехи бутта лап мезанад, дар бехи модарам лап мезад ва чашмакони калони гирдааш айни чашми заргӯш руп-руп мекарданд. Худаш ҳам заргӯшча барин лундахел буд.
Ману Иброҳим ҷо ба ҷо қоқ мешудем. Иброҳимро агар коре фармуда пӯписаю ҳадаҳа мекардем, аз зуъмӣ қоқ шуда, дигар аз ҷояш намеҷунбид. Барои масхара дар лабу рӯяш сиёҳии дег мекашидем ҳам, дам намезад. То вақте ки зуъмаш худ ба худ нагузарад, ба як қолаб рост истодан мегирифт.
Ман аз ин ҳам бадтар. Ман аз шарму хиҷолат хушк мешудам. Ба вежа, дар ҷойи бегонаю дар назди касони ношинос. Чунончи боре ману Темур ба ҳамсояқишлоқ, ба хонаи касе як сабадча ангур бурдем. Рӯзи иди рамазон буд.
Темур бо духтараконе, ки гирди мо мегаштанд, гапзанон кулчаю ҳалво мехӯрд. Ман даҳанам воз ҳайрон-ҳайрон ба дару девору сутуну тоқчаҳо менигаристам. Гарданам чун гардани зоғобӣ дароз шудан мегирифт. Гулӯямро буғз хафа мекард. Гиҷу гаранги безеб мешудам. Гӯё ба қади тахтаи синфхона рост монда, қоқам карда бошанд. Аз шарму хиҷолат намедонистам, ки дасту поямро дар куҷо пинҳон намоям, худамро ба чӣ андармон кунам. Ба ҳар гап даҳанамро анбӯрвор гиз карда, гӯё механдидам. Ва якзайл фиси бинӣ мекашидам. Хуллас, меҳмонӣ вақте тамом шуд, ки як чӯби хушку кулӯхи қоқи тобистон будам. Гуфторе аз меҳмонӣ не, аз зери покӯи кунди сартарошие халос шудам, ки аз дарди тоқатфарсояш ҷир-ҷир эзорамро тар мекардам.
Темур, ки ин қоқшавии маро медонист, нӯшак-нӯшак хандида, худашро ба нодонӣ мезад.
Садриддин баръакси мо усулчию масхарабоз буд. Аз пасу пушти баъзеҳо забонашро бароварда, сӯз медод. Ё дастак задаю печутоб хурда, арғушти касеро тақлид мекард.
Ба қавли мардум, қарта мемонд. Барои ҳазлу шӯхӣ кӯдакҳои таракро ҳам эшону махсуму шайх чеғ мезад. Муаллими Неъматро барои қомати баландаш зинапояю муаллими Ашӯрро барои сари сафедаш мазори мактаб мегуфт.
Албатта, дар ғоибашон. Ва ба ҳар касе муносиби афту андомаш номи маҷозӣ медод. Агар каллааш калон бошад - Сардегча, агар лоғару қоқ бошад –Қарашқу ва ғайра.
Зимнан, ҳанӯз ҳам ҳамон хислати зиндадилии Садриддин каму беш мондааст. Хислати одамгурезии ман ҳам.
Гулмаҳмади дарозрӯя бо ришу бурути урфию димоғи барҷастааш ваҷоҳату салобату шабоҳати расми Фирдавсиро мемонд. Фаши саллаашро ҳам бардошта фирдавсиёна ба сараш гулдаста мезад. Мо қомати баланду андоми лоғару ҷелаки дарози озодаашро низ фирдавсивор тасаввур мекардем. Вале мелангид ва чигаси бағалӣ гирифта мегашт, ки ин ҷиҳаташ дар муқоиса ба Фирдавсӣ чандон намефорид.
Гулмаҳмад бисёртар домдорӣ меварзид. Дар гирду вано ҳелчаи рӯбаҳу ҷайрае набуд, ки дар даҳанаш қапқони ӯ набошад. Баъзан ҳар сояю суробро ҷондоре гумон бурда, бехотир милтиқи сочма ҳам меандохт. Ва дар давоми домдориаш қад ба қади дараҳо гашта, чашма кушода, беду сафедор мешинонд ё аз хоку мағоки куҳнае шикастапораҳои қадимӣ канда меовард. Дар саҳни ҳавлиаш дӯлчаю хумчаю сангу сафоли куҳна бисёр буданд ва дар бораи он чизҳо бо ҳазору як обу ранг гап мезад. Мардум ба гапаш бовар намекарданд, лекин обу ранги гуфтораш беҳад ҷозибанок буд. Мегуфтанд, ки дурӯғтарин дурӯғи Гулмаҳмад аз росттарин рости хушку холии дигарон беҳ аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё