ЗАМИНИ МОДАРӢ

Дар бари миёнаш як халтача буҷулу дар гарданаш зангӯлаи куҳнаи мактаби моро овехта мегашт, ки аз директори мактаб Аҳмад Табаров (ёдаш ба хайр) музди лойи андова гирифта будааст. Ҳар вақте ки муаллимон занги танаффус мезаданд, ӯ занги буҷулбозӣ мезад.
Буҷулҳояшро ба нон медод, вале дар як пайт ҳамаашонро бурида мегирифту зангӯлазанон ба Гургдара мебаромад.
Ҷои хобаш ҷайрахонаҳои Гургдараю ҳамсояҳояш гургу ҷайраю шағолҳо буданд.
Вақте ки мурд, буҷулҳояшро Табаров талошак партофт, ки дар он мӯсафедон ҳам иштирок карданд. Баъд аз он буҷулҳояшро дар дастаи гаҳвораҳо медидем, ки ҳамчун тӯмор баста буданд.
Шабҳое, ки аз Гургдара вағу чиғи шағолонро мешунидем, мегуфтанд, ки сағераҳои девонаи Бадриддин мегирянд. Ва панҷаҳои дасту пояш дар андоваи бому дару деворҳои мактабамон хушкида монда буданд.
Болохонаи охунди Шариф (амакии ман) болохоначае буд дар болои оғилхона. Тобистонҳо дар он кирмак мемонданду бо ҳамин қариб то чилаи зимистон фаромӯш мешуд. Вале ҳамин ки барфу сармо мардумро аз саҳро ба хонаҳо меронд, дари болохонаи охунди Шариф ҳамчун ҷувозхонае ғиж-ғиж кардан мегирифт. Аввали шом мӯсафедон медаромаданд, ҳамчун ба масҷидхона, баъд мо кӯдакон ҳуҷум мекардем, ҳамчун ба кинотеатр. Баъд аз намоз ва нонхурӣ кино сар мешуд, ки аз ду китоб – Искандарнома ва амир Ҳамза иборат буд. Яъне охунд бисёр равону фаҳмо қироат мекарду мо, мисле ки кино медида бошем, аз корнамоии Искандари шохдору амир Ҳамзаи паҳлавон ба ваҷд омада, ҳаёҳӯ кардан мегирифтем, ҳатто мӯсафедон ҳам. Хусусан Фахриддини Аминро чунон шӯру валвала мегирифт, ки аз шиддати шӯру ҳаяҷон мушт бар дару девор зада, арақшор мешуд. Ҳанӯз ба ёдам ҳаст, ки ӯ чӣ қадар завқ мебурд (ёдаш ба хайр).
Хулоса ҳар шаб болохонаи охунди Шариф пурҷӯшу хурӯш, гарму нарму роҳат буду дар берун ҳамчун орд аз элаки бузурги осмон зарра-зарра барф мерехт. Ва мо соатҳои дароз ин барфу сармои зимистони дарозу дилгири қишлоқро фаромӯш мекардем.
Болохонаи охунди Шариф нисбат ба мактаби мо, ки аз пахолдуди тезу ғализаш чашму димоғамон месӯхт, болохона не, биҳишт буд, биҳишти кӯдакиҳоямон. Биҳишти пур аз афсонаву қиссаву шеъру достон. Баъдтар кинои ҳақиқӣ ҳам пайдо шуд, киноҳои ҷангӣ, қаҳрамонӣ…, ки кайҳо фаромӯш шудаанд, вале киноҳои болохонаи охунди Шариф ҳеҷ фаромӯш намешаванд. Ва баъдҳо бисёр муллои китобхон ҳам дидам, аммо ба монанди охунд не, китобхониҳои охунди Шарифро фаромӯш карда наметавонам. Сурату симояшро низ. Дар тамоми қишлоқ ягона мӯсафеди сафедпӯсти хушсурату хушандом буд.
Вақте ки ҳамсараш қазо кард, дар болои охунди Шариф талошак шуд. Як қишлоқ кампир талааш карданд. Вале ӯ бепарво, фақат кундаҳои дарахтонро мекофт, ки барои печкаи болохонааш ҳезум захира кунад (ёдаш ба хайр бод).
Ман дар сари гӯраш як ниҳоли арча шинондам.
Ятимон, ки аз калу кӯр шатта мехурданд, рафта-рафта ҳақоратчию ҷангара шуда, ба хурӯсаки пучандаи пару пати сару гарданаш кандагӣ монанд мешаванд. Ва харошу чоки лабу рӯю дасту пояшон чӯра баста, тамоми умр боқӣ мемонанд. Ман касе надидам, ки сағера калон шуда, рижду ҳамвори бе айбу бехудус бошад. Лекин мо чунин хислату нишонаҳои ятимиро надоштем. То ба имрӯз ҳеҷ кадоми мо бо касе ҳатто даҳанакӣ наҷангидааст ва ҳеҷ ҳамсояе лафзи бади моро нашунида. Темур аслан ҳарфи бадро намедонист, табиатан хушрӯю хушрафтору хушмуомила буд. Бинобар ин ҳамсояҳо мулло Темураш мегуфтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё