ЗАМИНИ МОДАРӢ

Тармотарити баҳор борон бисёр мерехт. Бомҳо ранги халтаҳои чака мечакиданд. Кулбае набуд, ки дар рӯи дуконаш хурмаю тағораи чакак набошад. Шабу рӯз талапталапи ҷариҳо шунида мешуд. Новшараҳои бомҳо беист ҷир-ҷиру шир-шир мекарданд. Молҳо то гӯш дар ҷаббазори дараҳо ғӯтида мемонданд. Мардум қопчаҳоро ба сар гирифта, хам ба хаму дара ба дара гову мол мекофтанд. Мо як коса оби боронро дар дег ҷӯшонда, хушк мекардем, ки оби деги осмон ҳам хушк шавад.
Борон ҳафт шабу ҳафт рӯз мерехт. Охир абрҳо рамарама ба замин фуромада, дар кӯҳу камар қӯтан мегирифтанд. Вале чанги борон ҳанӯз мерехт ва дар офтобборони пешин арғувони рангинкамон шоха-шоха шукуфтан мегирифт.
Рӯзи дигар мӯсафедон ба ришҳои дудхурдаи зардвашу кампиракҳои афсонагӯи мо ҳамчун аҷинаҳо аз хокистари танӯри сандалиҳо берун мебаромаданд. Ва мардинаҳо белу каланд бардошта, дар сарчашмаи дулонаи сурхак дегдонҳои сарисолӣ мекофтанд. Сипас аз ҳар даре табару тешаю кундаю тали тапак; табақи гандуми кӯфтаю пудинаю шулха ва тоқӣ-тоқӣ наску нахӯд мебаромад. Алови дегдонҳою алови кундахараи аловпарак равшан мешуд. Аз болои кундахараи сӯзон парида, ба алов мегуфтем:
Сурхии рӯятро бидеҳ,
Зардии рӯямро бигир.
Гармии рӯятро бидеҳ,
Сардии рӯямро бигир.
Мирохур дар ҳаври деги далдаю умочи пудина сарчиликӣ дойра мезад. Момаи Назокат аз остинаш муштмушт чормағзу қоқи себу зардолу мечошид. Мо остини момаи Назокатро нағз медидем. Дар тӯю тамошо аз остини ӯ чашм намекандем. Ӯ момадояи кишлоқ буд. Мо ҳамаамон набераҳояш будем. Момаи Назокат ноф мебурид, ком мебардошт, риштаи таб мебаст, латтаи чашмӣ дуд мекард ва ангушташро ба сиёҳии таги дег молида, хурӯсаки ҳалқамонро мекафонд. Момаи Назокатро дар қатори шаҳиду азизу бузургворон тасаввур мекардем.
Қишлоқаки кӯдакии мо дар ҳар фаслу мавсим рангу бӯйи хоса дошт. Баҳор аз кӯчаҳои хокистараш гулхани лола забона мезаду аз дару девор тоҷи хурӯсвор лола сар мекашид. Кундаҳои дарахтон ба хочу телпакҳои морак мехкӯбӣ мешуданд. Пӯпаки гули қоқу ба пӯпаки тоқиҳои мо мемонд. Бӯи гули хор аз дуриҳо ба димоғ мерасид. Ва дар ин миён бӯйи дуди алови нон, ки аз хаёлаш то ба ҳанӯз дилам гум мезанад:
Дӯст дорам, ки бӯяму бӯям
Бӯйи дуду алови нонашро.
Дӯст дорам, ки бӯсаму бӯсам Аз сари пушта осмонашро.
То наборад дигар, биҷӯшондам Рӯзи боронӣ оби боронаш,
Оби чашми маро биҷӯшонед,
То шавад хушк ашки резонаш.
Мирохур ҳам раис будааст. Аз он раисоне, ки як рӯз дар сари замини ҷуфту шудгор раисашон мекардаанду рӯзи дигар, боз ҳам дар сари замини ҷуфту шудгор зада-зада печатро (муҳр) аз лифаи эзорашон кашида мегирифтанд.
Бинобар ин онҳоро раисони сари кулӯх меномидаанд.
Мӯсафеди Зиё байташон мондааст:
Ба ҳар кас мерасад серӯза даврон, Ба Мискину Рабӣ, динги Сулаймон.
Мирохур аз раисиаш одате дошт, ки ҳар дами шому саҳар сари бораи пушти хонааш баромада, бо қаду овози баландаш ба чор тараф гап мепартофт. Яке ҳой мезад, ки навбати подаи кӣ бошад? Яке ҳой мезад, ки зани фалонӣ, алова баланд мондӣ, рӯғани дегат насӯзад! Яке ҳой мезад, ки очаи фалонӣ, гӯсолаат макид, дар куҷоӣ? Ва ғайра. Ин ҳаёҳӯи ӯро ҳамсояҳо азони Мирохур меномиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё