ЗАМИНИ МОДАРӢ

(Сад соли дароз хона норуфта)
Ку додаракони хонабонам, ку?!
(Сад соли дароз хона бесоҳиб)
Ку модараки сағерабонам, ку?!
(Сад соли дароз дег ношуста,
Дегу табақаш ба рег ношуста)
На чак-чаки халтаҳои хобовар,
На шир-шири ширдӯшии модар,
Девори гилеву сояравшанҳо,
Девори дилеву сояравшанҳо,
Дар шохи чанор халтаи маҳтоб,
Аз халтаи сина мечакад зардоб.
Модарам кампираки момаҷавобаки тоқчаҳои ғору ҷариҳои Сӯфиён шуд.
Ду чолаки сафедаш дар хасу хори Сӯфиён печида, ришта-ришта ғозҳои сафеди хасрав шуданд.
Модарам дӯлонаи латтамазораки қади роҳи қишлоқ шуд.
Ӯ дар ҷавониаш аёли паҳлавонҷуссае буд.
Ӯро падарам “Барзанг” - гуфта ҷеғ мезад.
Чалаку чархчӯби модарам дар тарақи деворҳою он номаки баҷоияш дар тарақи дили ман аст.
Мавсими киштукор ба офтобрӯяи бағали пуштаҳо баромада, ба қатори турнаҳо «ғирбол-ғирбол!», «арғамчин арғамчин!» гуфта, ҳаёҳӯ мекардему гулҳои сиёҳи ҷурғотиро чида, таги тоқию бехи гӯш мезадем, ки гулҳои кӯдакии мо буданд. Ва самалётҳо аз болои сарамон парида мегузаштанд. Дуқанота, сохти сӯзанакҳои лаби оби чашмаю ҷӯй. Як дов самалёти сурхи якқанотаро ҳам дидем, ки гуфтанд, аз ҷанг омадааст, хунолуд аст.
Дар замину ҳавои якранги урён тапар-тапари самалёт хеле ҳаяҷоновар буд. Думболаи сояҳояшон, ки дар хаму хамёзаи адирҳо медавиданд, то ёла давида мерафтем. Темур медавиду медавид, ки сояи самалёт аз болои сараш гузарад.
Самалёт ҳам монанди турна гилеми кабуди ҳавои моро меафшонд, аз гӯши вазнини талу теппаҳо кашида метаконд, дӯлонаҳоро, ки лаклаквор лаб-лаби решаҳо якпоя пинак мерафтанд, бедор мекард.
Дар чунин як рӯз самалёте парида омад, ки мӯҷиби ҳангома гардид. Мисоле, ки ба ҷое фуромадан мехост. Ба ӯ хирманҷои қишлоқро нишон дода, дастафшонӣ кардем.
Вале сафедорон, ки қанотҳояшро рӯфтанд, бораҳоро харошида, дар Олучамазорак ба замин заду хомӯш шуд.
Вағу чиғи “Самалёт ғалтиде!, Самалёт ғалтиде!” дар як дам ҳамаро ба по хезонд. Издиҳоми савораю пиёда чун сел ба Олучамазор рехт. Аз даруни самалёт касе дод мезад, вале издиҳоми ҳайрону ҳаросон пеш намерафт. Ва ҳамон замон акаи Камол омада расид. Самалётчӣ ба русӣ чизе мегуфт ва ӯ тахтаҳоро шикаста тасмаҳояшро мебурид. Охир самалётчӣ баромада лангон-лангон ба аспи раис савор шуду рафт.
Дигар самалёт аз мо шуд, то намози хуфтан даруну берунашро кофтаю шӯрида, тамошо мекардем. Аз тӯтаҳояш оби зарде ҷорӣ шуда мерафт, ки буйи ганда дошт, мегуфтанд, ки гӯгирд аст.
Рӯзи дигар дар як мошини калоне, ки нимаш дар чигинараҳи мо намеғунҷид, чанд нафар чарминапӯш омада, самалёти моро пора-пора аз ҳам ҷудо карда бурданд. Ба мо шикасту рехташ монд, ки аз он акнун худамон самалётчаҳо месохтем, чархҳояшон лойӣ. Ман ҳатто самалёти ҳақиқӣ сохтам, калон, қанотҳояш аз чӯби молаи шудгору чархҳояш
- чархҳои куҳнаи аробаи колхоз...
Акнун он лаҳзаҳо, ки ба хотир оянд, ногаҳон гӯшам фарёд мезанад ва худ ба худ «Темур маро ёд кардааст» мегӯям. Дар ҳамон бардеворие, ки сояи самалёт аз болои сараш мегузашт, акнун аз болои гӯраш мегузарад.
Тобуташро ҳам бо самалёт оварда будем. Акнун садои самалёт ҳузновар аст, гӯё хомӯшаке ҷигарамро неш зада парида меравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё