Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Соати танҳоӣ сӯи кӯҳсорат меравам,
То сарамро бар сари санги ту монам як нафас,
То шавад рӯди равонат ҳамзабонам як нафас,
Гиряҳои обшоронат маро гирён кунад,
Абри боронат маро бо худ барад, борон кунад,
То ки дар танҳоиям танҳо намонам як нафас.
Тоҷикистон, Тоҷикистон,
Мекунам шукри каму бисёри ту,
Мекунам шукрона аз озарму аз озори ту,
Аз ту ман сарват намехоҳам,
Ватан ҳастӣ, бас аст,
Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст.
ЗАБОНИ МОДАРӢ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод,
Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод,
Суннати волою девон дошт, дод,
Тахти Сомон дошт, дод.
Душмани донишгадояш «Дониш»-и Сино гирифт,
Душмани бесуннаташ девони Мавлоно гирифт,
Душмани суратпарасташ сурати Беҳзод бурд,
Душмани бехонааш дар хонаи ӯ ҷо гирифт.
Дод ӯ аз даст гурзи Рустаму Суҳробро,
Барбарони нотавонеро тавоно кард ӯ,
Номи худро ҳамчу гӯри Рӯдакӣ аз ёд бурд,
Қотилони хешро машҳури дунё кард ӯ.
Қомати кӯтоҳи манғит
Аз манори каллаи аҳли Хуросон шуд баланд,
Пастии саҳрои Қипчоқ
Аз баландии Бадахшон шуд баланд.
Халқи тоҷик –
Халқи армон,
Об дар чашм
Чун ятимон,
Дар лабаш хашм
Чун асирон,
Аз Ватан то бар кафан ҳар буду нобуде, ки буд,
Бар ватанталбу кафанталбандаҳо бахшиду дод,
Душмани дарвеши худро
Шоҳу доро карду худ дарвеш шуд.
Дар миёни тангчашмоне, ки дар чашмонашон
Солҳои тангиро медид ӯ,
Гаҳ дар оташ,
Гоҳ дар об,
Таҳ ба таҳ бо сӯхтанҳои манори суғдиёнаш сӯхт, сӯхт,
Бо харобиҳои девору дари Афросиёбаш шуд хароб.
Лек лафзи модариаш
Ҳамчу шири модараш
Дар забону дар даҳонаш монд, монд,
Ҳар сухан бо шири модар
Сахт шуд дар устухонаш, монд, монд.
Худ ба худ дар гӯшаи хоки диёр
Аз ҷудоӣ,
Аз ғарибӣ
Ӯ гиристу гиряҳо бар обшорон ёд дод,
Лафзи кӯҳистоние бар боду борон ёд дод,
Рӯдҳоро Рӯдакидон кард ӯ,
Бодҳоро Анварихон кард ӯ.
Рӯзи ноободиаш тоҷик забон обод кард,
Дар забонаш давлати бедавлатӣ бунёд кард –
Давлате аз ҳарфи вазнин,
Давлате аз шеъри рангин,
Аз чунон шеъре, ки ҳар як мисрааш
Ҷӯяе аз хуни сарбозони ӯст,
Тораи нуре аз оташҳои зардуштони ӯст.
Гӯиё чун сайди маҷрӯҳ
Ӯ ҷароҳатҳои худро
Гаштаву баргашта лесид,
Бо забони худ даво кард.
Дар сарояш тоҷик аз бахти нагун
Гарчи бо габру мусулмон
Ҳамсаро буд,
Ҳамрасулу ҳамхудо буд,
Дар забон аммо ҷудо буд.
Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ӯ,
То наафтанд аз забони хештан,
Дар сари сад дор ҷон доданд шоирҳои ӯ,
То наафтад бар замин қадри сухан…
Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст,
То забон дорад, ватандор аст ӯ,
То забондор аст, бисёр аст ӯ.
ШОИРУ ШЕЪРЕ АГАР ҲАСТ…
Дар сӯгвории Пабло Неруда
Ман намедонам, ки дар савдои шеър
Шири аз шоирӣ ношод кист,
Лек рӯзе бе ғазал, бе шеъри тар монад агар лабҳои ман,
Чун лабони чашмаҳои хушк парсин мезанад,
Ҳеҷ кас монанди ман ношод нест.
Шукри он вақте, ки аз банди ҷигар
Байтҳои тоза берун мешаванд…
Дар сари ҳар байт ҳамчун дар сари гаҳворае
Чун зани навзод шодам,
Дар сари ҳар байт ҳамчун дар сари пайроҳае
Гӯӣ, маҳбуси навозодам…
Шоиру шеъре агар бошад,
Каси ғамхор ҳаст,
Чашми бедору дили бедор ҳаст,
Гунаҳои тира аз шеър офтобӣ мешаванд,
Хушкиҳои синаҳо аз шеър обӣ мешаванд.

пешина
аз 110
навбатӣ