Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз Халиҷи форс то Кашмир фарёди ҷарас,
Аз Халиҷи форс то Кашмир такрор асту бас.
Ҷумлаҳо бесакта, чун оби равоне, лек фач,
Сар ба сар аз сактаи рӯҳиву ақлонӣ фалаҷ.
Шоири деринаро илҳом аз тарёку чарс,
Шеъри ӯ дар шишае афтода виз-визи магас.
Шеъри дарвеши мағоку шеъри шайхи хонақоҳ
Ҳарзаю васвосаю ваҷду ҷунун, ҷаҳру самоъ.
Ростӣ, аз ҳар падарсолори шеъри обшуст
Бартарӣ дорад чу шоирпеша Абдуллои Дӯст.
Як ду ҳарфе дар ҷабини коғазе бастан гиреҳ
Аз ҳазорон байтҳои баста чун тасбеҳ беҳ…
Хатм шуд бо Саъдию Фирдавсӣ шеъри бостон,
Шоираш Саъдист, Фирдавсӣ - худои шоирон.
КАФШЕР
Мезанад фаввора ахгар,
Чун думи истора ахгар,
Бар замин мерезад ахгар,
Бар замин мерезад ахтар.
То шавад пайванди оҳан оҳане,
Сахт чун пайванди дилҳо,
Мегудозад оҳану месӯзад оҳан банд-банд.
Ҳаргиз осон нест пайванд,
Андар ин фан
Оҳан обу обҳо пӯлоду оҳан мешаванд.
Пеши ин кафшери оҳан
Мекунам ман фикри кафшери сухан.
Нуқта то барҷо бимонад ҷовидон,
Ҷовидон аз шоирӣ монад нишон,
Ҳарфро бо ҳарф мебояд чунин бигдохт гарм,
Ҳарфро бо ҳарф мебояд чунин пайванд кард.
Чашм бар фӯлоди маҳкам,
Орзуи шеъри маҳкам мекунам.
Ончунон шеъре, ки ҳар як мисрааш
Пеши он мардум, ки дарёро ба саҳро мебарад,
Дар ҳисоби новаҳои оҳанин гирад қарор.
Шеър лафзу ҷумлаю ҳарфу ҳиҷо бошад агар, душвор нест,
Лек лафзу ҷумлаю ҳарфу ҳиҷо ашъор нест…
Мисраи барқе, ки иншо мекунад абри баҳор,
Дастаи симе, ки ҳамчун панҷаҳои офтоб
Рӯшноӣ мебарад бар ҳар диёр,
Мисраи мо дар радифи он намеояд ба кор.
Бояд акнун бо табу тоби дигар пардохт шеър,
Аз сухан ҳамвазни чӯян сохт шеър,
Дар радифи шоҳбайти роҳи оҳан сохт шеър.
Сатрҳо чун сими ноқил
Бояд ангезанда бошанд.
Нуқтаҳо чун барқи кафшер
Тезу бигдозанда бошанд,
Шоирон созанда бошанд…
Дар ҳавои санъати кафшергар,
Пеши ин бунёду эҷод
Шоирӣ дар шеваи оҳангаре омад ба ёд,
К-ӯ дар оҳан порае аз одамӣ ҷо мекунад.
Оби фӯлоде, ки он дар санг мемонад асар,
Ҷавҳари фӯлод не, оби дили оҳангар аст.
Шеър ҳам имрӯзу фардо
Аз миёни одаму оҳан нахезад, ҳайф, ҳайф,
Ҷомае чун пораи алмос,
Ҳарфе ҳамчу дос
Бар касе ҳоҷат наафтад, ҳайф, ҳайф.
Мисраро мебояд акнун
Бо қадамҳои замон андоза дод.
Дар қиёси шаҳсутунҳои баланди барқи Норак баст байт,
Дар шумори кӯраи арзизи Регар гуфт ҳарф.
Мезанад фаввора ахгар,
Чун думи истора ахгар,
Бар замин мерезад ахгар аз сари кафшергар.
Ҳамчу ахтар
Ӯ ба сӯи Моҳу Кайвон
Гарчи сар боло накардаст,
Дар замин кайҳоннавард аст.
То бимонад ҷовидон пайванди ӯ,
Чун нишони дасти оҳанбанди ӯ,
Ӯ дили дарёи худро,
Ишқу армонҳои худро
Ҷавҳари мазмуни ин фан мекунад,
Вақтро кафшер дар фӯлоду оҳан мекунад.
Шафақи ранг
Ҳар гаҳ, ки ман ба шоирӣ оҳанг мекунам,
Садҳо варақ пур аз шафақи ранг мекунам,
То офтоби шеър барояд аз ин шафақ
Дар субҳи содиқе, ки маро нест ҷуз варақ.
Соядасте ба «Фарҳанги забони тоҷикӣ»
Муддате шуд, модарам дар хона нест,
Модари ман дар забони модарист,
Дӯшборам ҳамчу гӯри сабзи ӯ
Ҳарду ҷилди сабзи фарҳанги дарист.
Аз номи Низом Қосим16
16 Низом Қосим гуфтааст:
Гарчи мо ҳам олимони содиқем,
Гарчи мо ҳам шоирони ошиқем,
Соҳибунвонем агар дар шоирӣ,
Мо на шоир, балки шоирбачаем.

пешина
аз 110
навбатӣ