Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Барҳадар хуни Низомулмулкро ман рехтам,
Балки хуни мулкро ман рехтам.
Гоҳ «Абисто»-ро кушодам,
Гӯӣ, дунёро кушодам.
Гаҳ гирифтам ҷилди «Қуръон»,
Гаҳ шудам ҳамроҳи шайтон.
Он қадар сарҳо шикастам,
Ки сарам аз санг гашта.
Балки кардам зиндагонӣ
Ман худамро кушта-кушта.
Вой бар ман, вой бар ман,
Эй Худо, бахшой бар ман!
ҒАЗОИ ВОСЕЪ
Восеъ, ки буд беҳад васеъ,
Бо шонаву пешонаву пешомади беҳад васеъ,
Будаш ҷувозе ҳамчунин
Бо кундаи беҳад васеъ,
Будаш нишоне дар ҷабин аз ҷабҳаи беҳад васеъ.
Равғанкаше монанди ӯ олуда дар равған набуд,
Олуда не, қарқида не, ғарқида дар равған набуд,
Аммо аз ин равғанкашӣ равған набуд дар лампааш,
Аз ғиж-ғижи хобоваре хобида бахти абтараш.
Азбаски санги тоқаташ тоқатшикан гардида буд,
Тоқатшикан гардида буд гӯри ҷувозаш ҳамчу гӯр.
Охир дар ин равғанкашӣ монанди равған даргирифт,
Чун бӯи равған ҷуръаташ як пуштаро дарбар гирифт.
Чашмони аспаш баста буд,
Чашмони аспашро кушод;
Чашмони бахташ баста буд,
Чашмони бахташро кушод.
Аспи ҷувозашро гирифт, аспи ҷиҳодаш карду рафт,
Тири ҷувозашро гирифт, тири ҷиҳодаш карду рафт;
Аспи ҷувозаш дар амон,
Тири ҷувозаш беамон,
Зад наъра аз рӯзи ғазо.
Мулке, ки мулкак буд фақат хурду хуроки кӯдакаш,
Савганд мекарданд ёд мардум ба риши тактакаш,
Дар пеши мардум ҳурмати риши дарози тактакаш
Камтар набуд аз ҳурмати риши дарози мардакаш,
Зад бар машомаш аз «Ғазо!»
Бӯйи ғизо.
Пираш баромад аз дара
Бо риши ҳамчун шаршара,
Қошуқтарош аз гӯшае
Бо тешае.
Чун дарзаҳояш найдарав банди миёнашро бибаст,
Хирманчӣ шохинро гирифт, полизбон – сангу кулӯх,
Ҳатто ятими лучакаш
Афшурд мушти кӯчакаш,
Гуфтӣ баромад мурдааш, чӯби сари гӯраш ба даст.
Бархост яъне мардуми берахт бо шохи дарахт,
Бархост яъне мардуми бетир бо тири ҷувоз,
Дасти таҳидастону дост,
Ҳар беғизое дар ғазо,
То тахтро яксон кунад,
Яъне, кунад бар хок тахт.
Восеъ дар ин ҷанги васеъ
Дар кундаи тоҷик бибаст
Урдуи манғитро ҷувоз.
Ӯро ҷувози вопасин на аз зағир,
На тухми кунҷит будааст,
Ӯро ҷувози вопасин аз тухми манғит будааст.
СТАЛИН ВА СТАЛИНОБОД
Сураташ – дар пештоқи ҳуҷраи устои суратгир,
Сураташ – дар растаи суратфурӯшон,
Сураташро мардуми ронанда гардонад
Дар ҳазорон шишаи мошин;
Сураташ – дар дасти мардум дар қатори роҳпаймоӣ,
Сураташ – дар фавҷи мардум дар қатори корпартоӣ,
Сураташ – дар навбати нон,
Сураташ ҳар рӯз дар Майдони Сурх аст
Дар намоиш.
Сураташ дар чорчӯби шишаи дилҳост,
Сураташ дар осмон
Дар чамбари рангинкамон аст.
Сураташро миллати шаш бахши дунё мешиносад,
Чун шахси дунё мешиносад:
Аз ду абрӯи камонии баландаш мешиносад,
Аз буруташ мешиносад,
Аз чубуқаш мешиносад,
Аз кителаш, аз шинелаш мешиносад…
Сирри ӯ дар ин буруташ буд,
Сеҳри ӯ дар ин чубуқаш буд.
Ёд дорам,
Сталинободи мо шаҳри базеби сталинҳо буд:
Бачамардони базеби хушбуруташро
Бурути сталинворона мезебид,
Кители сталинворона мезебид,
Мӯзаи ғарчу кулоҳи «кепка» мезебид.
Аз падар ҳам, ростӣ, ғайр аз бурут дар хотирам нест,
Косаи дӯғобаро вақте ки менӯшид,
Тоб медод сталинворона думболи буруташро…
Ёд бодо Сталинободи сурхи кӯдакиам, ёд –
Шаҳри сурхи камбағалҳо!
Аз ҳавои Сталинободи ман бӯйи халифи пухта меомад, -
Сталинободи ман хишти иморатҳои сурхашро намепухт,
Хишт-хишт
Хишти халиф мепухт,
Хишт-хишт
Хишти халифи пухтаи сурх…

пешина
аз 110
навбатӣ