Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт

Бозор СОБИР
ЗАМИНИ МОДАРӢ
Мураттиб Низом Қосим
Муҳаррир Аҳмадҷон Раҳматзод Ороиши Манучеҳри Собир
Ба зодрӯзи шоири миллии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, дорандаи ордени «Ситораи Президент» Бозор Собир 80 сол пур шуд.
Ва агар он устоди бузургвор ҳамроҳи мо нест, шеъри дилнавозу рӯҳпарвар ва ватанхоҳонаву миллатдӯстонааш ҳамроҳи мост ва ҳамчунон моро ба камолоти идроку эҳсос, худогоҳиву худшиносӣ ва шавқу завқ ҳидоят мекунад.
Аввалсухан
Устод Бозор Собир аслан гӯё дар дунёи Шеър таваллуд шуда буд ва батадриҷу табиӣ дар он бузург мешуду камол меёфт. Пайваста асрори сухан меҷуст ва суханро паҳлӯ мегардонд, то бозтоби тозаашро дарёбад. Аз куҳнагӯиву куҳнагароиҳо азалан ва амалан дилгир буд.
Дар дасти шоирии ӯ ибора ба ишора табдил мешуду ҳарф ба барф; ӯ намегуфт, ӯ меофариду офаридаҳояш зиндаву палмосиданӣ пеши назарҳо намоён мегаштанд.
Мисраъҳояш роҳҳое буданд сӯи маънии баланду тасвироти дилписанд ва байтҳояш воқеан байт буданд - яъне, сарпаноҳи маромҳо, ормонҳо, санъатҳо, тасвирҳо, маъниҳо.
Пеши чашми дилаш сухани гуфтаниву шуниданӣ бо ҳазорон рӯй ҷилва мекард ва ӯро дар мавқеи собиту устувори якрӯияш барқарортар месохт.
Калимае, иборате, мисрае зебову барҷо кофӣ буд, ки фориғ аз савдову ғавғои дунё соатҳо сармаст дар дунёи хаёл бигардад.
Аз ҷилои дигар ахтарони осмони ҳунар лаззат мебурд, аз шароби нури ситораҳои тобнок сармаст мешуд, вале дилаш пайваста наҷми тозае, ноошное, мунаввартаре…
мехост дар он бекарон.
Ӯ натанҳо роҳҳои сумзада, балки бероҳаҳоеро ҳам, ки нақши хираи пое доштанд, як сӯ мегузошту пайи ҷустуҷӯ бо бероҳаҳои пуразоби сухан мерафт, ҳамвора роҳи нопаймудае мекофт ва ҳатман меёфт. Дар ин роҳи осоннамои мушкилпаймо бешитобу боазоб мерафту сатрҳояшро гӯё бо қалам на, бо қалампои пурпинаи хеш менавишт.
«Ҳар сатри дафтари ман чун мӯр меравад роҳ…», ки гуфтааст, лутфи шоиронаву суханбозии моҳирона нест, асли самимияту ҳақиқат аст. Агар ҳамаи сурудаҳояшро ба ҳам биёварем, китобе беш намешавад. Вале чӣ китобе! Чунон ки унвони асарҳои бузурги адабиёт – қисса, достон, румон, манзума… дар ёдҳо мемонад, номи аксари шеърҳои ӯ низ дар хотирҳост, хонандаи дилсофу хушзавқ аз ҳар кадоме чун аз асарҳои бузургҳаҷми адабиёт, чун аз падидаи ҳунари баланд ёд меоварад.
Устод, бо ҳама он печидагиҳои сарнавишту саргузашт ва тундравиҳои рӯзгору осор, фақат бо тавъамии гуфтору рафтори шоиронааш Шоир-Шахсият мондааст. Яъне, дар ашъораш ҳамонест, ки дар рӯзгораш буд.
Баданам аз қаламам нест ҷудо, Нафасам аз қаламам нест ҷудо, Панҷ хаввоси танам аз қаламам нест ҷудо…
Кист, ки шоирашро медонаду ба ин шеър шак дорад?
Бале, ӯ дигар хел буда наметавонист. Агар буда метавонист, чунин Шоир намешуд. Ва инро барвақт ҳис кардаву пешгӯӣ намуда буд:
Розиам ман,
Бо гуноҳи шоирӣ дар чоҳу зиндонам кунанд, Чун Ҳилолӣ шеър дар лаб сангборонам кунанд…
Гар хато бошад, гаравгонаш сарам, Дар баҳои сар намедонам хатои дигарам…
Ягон муҳит устодро ҳамгунаи худ сохта натавонист.
Дар ҳаёт ва бахусус дар эҷодиёт ҳаргиз ба сохтакориву рӯбинӣ нагаравид. Ҳунари асилаш дар муҳитҳои асолатнопарвари адабӣ ҳам торафт комилтар, нозуктар, расотар ва шахсияташ баркамолтар мешуд.

аз 110
навбатӣ