Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Тамоми кормандони нашрия дар ошёнаи якуми бино буданд. Анӯшервон, ки дар даст варақаи музди меҳнат ба самти утоқ равон буд, чизеро дида натавониста, чароғаки телефонашро гиронду оҳиста– оҳиста ба самти дари ҳуҷраи кории усто ҳаракат кард.
Маълум буд, ки фаррошон моҳҳо ба ин ошёна набаромада буданд. Пас аз ҳар қадами гузошта, фарши тахтагини кӯҳнашудаи бино қарс-қарс садо мебаровард ва баъзан гумон мекардӣ, ки аз қафо касе омада истодааст, бинобар ин, Анӯшервон чандин маротиба дар ҷояш истода ба пасаш нигоҳ мекард. Ин манзара филмҳои даҳшатоварро ба хотираш оварда, таппиши дилаш тадриҷан зиёдтар мешуд, то дараҷаи он ки аз шунидани садои қалбаш ба ҳайрат меомад. Ба назараш чунин менамуд, ки роҳрави тақрибан 20- метраи ошёнаи дуюм 200 метр дарозтар шудааст.
Охируламр, ба дари утоқ расида, қабл аз даромадан як лаҳзае бозистод, нафаси чуқур кашиду, дарро оҳистаяк ду бор кӯфт. Аммо касе дарро накушод, бори дигар дарро зад, ногаҳон кадом як садоеро шунида як қадам ба қафо монду интизори кушодани дари утоқ шуд.

пешина
аз 161
навбатӣ