Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ин ҳолат тақрибан 10–15 дақиқа давом ёфту ниҳояти кор Сарвиноз ором шуда хомӯшона, бо сари хам аз дар баромад.
Баъзан дар давоми рӯз чунин ҳодисаҳои зиёде рух медиҳанд, ки чӣ гуна гузаштани вақтро намефаҳмӣ…
ин рӯз барои Анӯшервон яке аз чунин рӯзҳо буд. Рӯзи корӣ ханӯз ним нашуда, фишорҳои равонию ҳиссиётҳои аз ҳад зиёд барои як ҳафта ҳам басанда буд. Рафиқон 20 дақиқа дертар ба хӯроки пешин баромада, ба ошхонаи нашрия, ки хело серодам буд, ворид шуданд. Бинобар гармии тоқатфарсои тобистон аксарияти кормандон ҷойҳои худро дар мизҳои наздики кондитсионерҳо ишғол намуда буданд.
Ноилоҷ, дӯстон дар кунҷи толор, ки дар шафати тиреза буду, он аз ҳарорати баланди берун тасфида гармиро ба даруни бино медаровард, ҷойи холӣ пайдо намуданду интизори пешхизмат шуданд. Анӯшервон хӯрок хурда ба рафиқаш нигоҳ мекард, гӯё суханони ӯро гӯш карда истода бошад, сарашро меҷунбонид, аммо тамоми ҳушу хаёлаш ба иҷрои ваъдаи додашуда ва гирифтани имзо аз усто Салим банд буд.

пешина
аз 161
навбатӣ