Фарзияи усто Салим

Аз натиҷаҳои хуби кор раиса хело хурсанд шуда, боз баъзе ҷузъиётҳои корро муҳокима намуд.
Умед бошад ба суҳбати онҳо мароқ зоҳир намуда, дар фикри ин дафъа чӣ гуна ба раисааш хушомад задан буд. Ӯ аслан хислати раисаашро медонист ва ҳамин ки фурсати мувофиқ меёфт, ҳатман як ё ду таърифчаро ба мисли: «Хонум Муҳайё, шумо беҳтарин роҳбар ҳастед»; «Ин курта зебидааст шумоба»; «Шумо нобиға будаед, офарин!» ба роҳбараш ҳадя мекард. Ҳоло низ ӯ мисли иштирокчии марафон, ки интизори бонги дав аст, ҳар замон аз паси экрани компютер ба самти мусоҳибон нигоҳ мекард.
– Ин тавр бошад, барори кор Анӯшчик, интизори намунаҳои маълумотҳои иттилоотӣ мешавам, ҳамин ки омода шуданд, дарҳол ба суроғаи электрониам ирсол кунед, – гӯён зан устуворона қадам гузошта, ба самти дари берунаи утоқи корӣ равон шуд. Умед бошад, ҳамин ки даҳонашро кушоданӣ буд, раисааш бо овози маҳин – барори кор ба ҳама, – гуфта дарро аз берун пӯшид. Умед қадаҳи пур аз қаҳваашро бардошта якчанд қулт нӯшида, ба кор шурӯъ намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё