Фарзияи усто Салим

Шумо инсони худхоҳ, номард ҳастед, ман ба шумо нафрат дорам, шумо як зарра фикри ояндаи башариятро намекунед ва насиб, дар ҳамин паноҳгоҳатон пӯсида меравед, – гуфта аз эҳсосоти баланд пойҳои полковник худ ба худ суст шудаву ларзида тамоми вазнашро ба курсии чӯбин партофт. Дигар касе ҳарфе назад.
Анӯшервон, аз ин ҳаяҷони ногаҳонии полковник ҳайрон шуда, чизи гуфтану фикр карданашро намедонист.
Аз чӣ бошад, ки усто Салим, ин ҳукмномаи дӯсташро хело оромона гӯш карда, ҳатто сояи ғазабу изтироб дар чеҳраи оромаш пайдо нагардид, баръакс чунон ба назар мерасид, ки ӯ моҳирона лабханди худро пинҳон медорад.
– Беҳтараш ман ба шумо як чизро нишон медиҳам, ҳоҷати фаҳмонидан нест. Ногаҳон инро гуфта аз ҳуҷра баромад.
– Ин таклифи усто Салим дар дили полковнику Анӯшервон ҳисси кунҷковиро аз нав бедор карду онҳо аз паси усто равон шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё