Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Аз шунидани ин огоҳии шавҳараш Нигинабону кӯдаквор қошу қавоқ карду сарашро хам намуд. Агар барояш чизе писанд намеомад ё хашмгинаш мекард, дар ӯ чунин қиёфасозӣ худ бу худ пайдо мешуд. Ин рафтори аҷоиби тифлонаи ҳамсараш ҳамеша Анӯшервонро вақтчоқ мекард, аммо аз рӯи эҳтиром ва сахт наранҷонидани Нигинабону худро ба даст гирифта табассумашро пинҳон менамуд. Танҳо чеҳраи каме сурхшудаи Анӯшервон аз вазъи вақтчоқиаш дарак медод. Хам зану ҳам шавҳар ин одатҳои якдигарро хуб медонистанд ва чунин «найрангҳои»
ширину муҳаббати самимӣ ба зиндагии онҳо маънӣ мебахшид.
– Э, монед мардак, шумо ҳамеша чунин рафтор мекунед, куҷое ки нарафтем, бетоқат шудаву зуд баҳонаатонро ёфта лаззати дамгириро нафаҳмида мемонем, – норизоӣ баён кард Нигина. – Аз сабаби чунин бетоқат буданатон, модари бечораам дигар дердер моро ба меҳмонӣ даъват мекунанд, хушдоманатон дар хотиратон ҳаст-мӣ? Ё аз қафои кору бори эҷодиятон ӯро низ фаромӯш кардаед? – тамасхуромез ба шавҳараш муроҷиат намуд Нигина.

пешина
аз 161
навбатӣ