Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Магар маънои зиндагӣ ҳамин аст? Ногаҳон, Анӯшервон суханони усто Салимро оид ба таъсири манфии экранҳо дарк намуда, чӣ будани ташвишҳову фарзияи мӯйсафедро қисман дарк намуд.
Анӯшервон дар назди даромади корхона чеҳраи шиноси полковникро дида хеле хурсанд шуд.
– Субҳ ба хайр, Анӯшервон, узри зиёд, ки ман беогоҳӣ омадам, аммо як масъалаи муҳимро бояд бо шумо муҳокима намоям, – пурсупоси зиёд накарда, хоҳиш намуд полковник, маълум буд, ки ӯ барои чизе хело мушавваш буд.
Анӯшервон ҳарчи зудтар мехост аз полковник асли воқеаро фаҳмида гирад. Аз ин лиҳоз, онҳо аз бинои нашрия каме дуртар рафта, барои суҳбати як ба як ҷои мувофиқ пайдо намуданд.
– Маро ба наздатон усто Салим фиристод, ӯ мехоҳад бо шумо вохӯрад, – гуфт полковник.
– Ӯ дар куҷост? – пурсон шуд Анӯшервон.
– Чӣ хел ба шумо гӯям, – каме таваққуф намуда, чӣ гуна фаҳмонидани вазъиятро андеша мекард полковник, – ӯ дар паноҳгоҳ аст, аниқтараш берун аз шаҳр ҳм…

пешина
аз 161
навбатӣ