Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Хулоса, ҳафта ҳамон тавр якрангу пур аз андешаву афсӯсҳои корҳои нокарда ва суханони ногуфта дар ҳаққи усто Салим гузашта рафт. Моҳи октябр низ фаро расид. Анӯшервон ҳангоми ба кор рафтан, дар кӯчабоғҳои Душанбеи зебо қадам мегузошту аз субҳи тирамоҳи заррин, ки беҳтарин айём барои сайругашт асту на гармии зиёд ва на сардии сахт инсонро азият медиҳад, ба пуррагӣ ҳаловат мебурд. Мутаассифона, на ҳамеша пурра муяссар мегардад, ки аз ҳусну таровати табиати зинда комилан лаззат барем, фикрҳову ташвишҳои беҳудаи кору бори зиндагӣ ба ин чиз монеъ мешавад, лаҳзаҳои ҳаётамонро медузданд, ҳарчанд ин зебоӣ моро иҳота кардаасту интизори диққати мост.
Ин субҳ низ хуршед бо шуълаҳои гарму зарринаш зиндагиро маънии тоза бахшида, аз назари дигар мушоҳида кардани шаҳри азизро имкон медод.
Одамони зиёде яке ғарқи андешаҳо, дигаре чашм аз экрани телефон набардошта, ба ин муъҷизаи табиат назаре ҳам намекарданд. Анӯшервон маъюс гашт, наход кору ташвиши зиндагӣ тамоми ҳастии инсонро банд кунаду фурсати ҳатто чашмро ба самти муъҷизаҳои табиат равон кардан набошад?

пешина
аз 161
навбатӣ