Фарзияи усто Салим

Маҷлисҳо кормандонро аз кор бе кор менамоянд. Аксарият бар он ақидаанд, ки маҷлисҳо ягон ҳосиле надошта, барои пешравии корхона фоидае ҳам надоштаанд ва ниҳоят пурсишшудагони дигар иддао намудаанд, ки тавассути маҷлисҳои пайдарҳам кормандонро муттаҳид намудан ғайриимкон аст.
– Рафиқон! – ногаҳон ин хитоби сардораш риштаи фикри Анӯшервонро бурид.
– Ман мехостам як хабари хело муҳимро ба шумо бирасонам, мо як фармоиши бениҳоят калон дорем, имрӯз, созишномаро бо Бонки Ҷаҳонӣ имзо намудем ва бояд барои баргузор намудани форуми байналмилалӣ тамоми бастаи маълумоти заруриро чун варақаҳои иттилоотӣ, буклет, ҷузвгир, китобчаҳо ва дигар маводҳои чопӣ то охири моҳи октябри соли ҷорӣ аз чоп барорем. Ҳамагӣ се моҳ аст, номгӯи маълумоти чопӣ хело ҳам зиёд аст, аз сабаби тангии вақт ин масъала масъалаи асосӣ аст ва бояд мо аз як гиребон сар бароварда, аз паи иҷрои он гардем.
Манфиате, ки аз ин фармоиш ба даст меояд, ба фоидаи ҳар яки мост, – бо табассуми сохтааш, ки хоси корчаллонҳои пуртаҷриба аст, муроҷиат намуд сардор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё