Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
оиди равонии Қуръон мегӯянд: «Дар ҳақиқат мо Қуръонро бо мақсади дар хотирот нигоҳ доштан осон намудаем». (Сураи «Моҳтоб», 54:22.).
Санъати олии тасвирии Қуръон ва хулосаҳои он Хиради олии рафтори инсонӣ ва дониш буда, ҳадисҳои ахлоқӣ - этикӣ, ганчинаи бузурги илми ҷамъиятшиносӣ, сиёсатшиносӣ ва меъёрҳои диние мебошад, ки имкони ақли одамӣ то имрӯз ба навиштани чунин китоб қодир нест. Чунин як нишона гувоҳи он аст, ки ин китоб дар ҳақиқат фиристодаи Худованди бузург мебошад.
Дар таълимоти китоби муқаддаси Қуръон бисёр кашфиётҳо ва ихтирооти илми хирадмандона оварда шудааст, ки ҳанӯз 1400 сол пеш ба инсоният пешниҳод шуда буд, аммо хиради одамӣ танҳо қисме аз онҳоро фақат дар асри XX - XXI аз худ намудаасту халос.
Қуръони Шариф ба инсоният донишро оиди соҳаҳои гуногуни илми астрология, физика, тиб, биология, таърих ва риёзӣ аз пайдоиши олам то одам дар бар гирифта, мавҷуд будани қонуниятҳои мувозинатӣ ва мувофиқавии табииро дар пайвастагии якдигарӣ чунон нишон додааст, ки то ҳол ақли одамӣ ба исботи он қобилият пайдо накардааст. Ҳар қадар одамӣ имрӯз оид ба организми зинда меомӯзад, ҳамон қадар боз ба бузургии ин китоби Муқаддаси Қуръон эътимоди комил пайдо менамояд, ки ин қудратро фақат Худованди Бузург доранду халос. Чуноне, ки дар сураи «Оли Имрон», (3: 189 - 190) омадааст: «Ҳокимиятро аз болои замину осмон фақат Худованди бузург дорост.
Ва Худо аз ҳама пуркувват мебошад. Дар ҳақиқат дар офаридани замину осмон ва шабу рӯз, ки нишонаҳои исботи бузургӣ барои ақли солим аст».
Дар коинот зиёда аз 100 миллиард сайёраҳо мавҷуданд, ки дар ҳар яке ба
ҳисоби миёна зиёда аз 100 миллиард ситора ҳаракат менамояд. Ҳар яке аз ин
ҷирмҳои осмонӣ миллион солҳо боз дар мувозинатии якдигарӣ чарх зада, ба
якдигар халал намерасонанд.¹ Бояд гуфт, ки ин ҷирмҳо ҳам дар гирди меҳвари
хеш ва ҳам дар гирди офтоб чарх зада, системаи мураккаби даврзании замину
осмонро ба вуҷуд меоранд, ки нигоҳдории ин система ва қувваи
ҳаракатдиҳандаю нигоҳдорандаи онро то имрӯз ақли одамӣ оҷиз аст. Дар яке аз
1 Харун Яхья. Чудо Корана. Нацише, исторические, математические феномени. Москва. Из - ва: Культура
Паблишиг. 2005. - с. 42 (Бо забони тоҷикӣ тарҷумон Ғ.Т.)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё