Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

таърихи хиради давлатдории навини тоҷикон мақоми арзандаи хешро пайдо сованд. Имрӯз барои мо тоҷикон заминаи устувори зиндагии осудаю хушҳолонаи ояндасоз, азму иродаи созандагии хирадмандона, ваҳдати миллӣ ва фазои сулҳу осоиш ҳукмфармо гардидааст, ки имконоти бузурги таърихӣ мебошад. Ҳар як роҳбари вақтшиноси хирадманд ин шароити муфидро бояд самаранок истифода бурда, дар ободии кишвари азизамон Тоҷикистон саҳми босазои худро гузорад.

Мо низ тасмим гирифтаем, ки дар мавзӯъҳои оянда ва китобҳои оянда аз нерӯи ақлонии хеш ва хирадмандони гузаштаю имрӯзаи аҳли башар истифода карда, боз оид ба қонуниятҳои хоси роҳбарӣ, қобилияту шуҷоатмандӣ ва қаҳрамониҳои бузурги фарзандони миллати кӯҳанбунёди тоҷик бароитон асарҳо эҷод намоем.

43.6. Сухан андар ҷавҳари роҳбарӣ

Аз «Рисолаи Сад панд»1

Чуноне ки аз номи рисола маълум аст, Убайди Зоконӣ дар асари мазкур сад панду мақол ва зарбулмасал, масъалаҳои тарбиявию роҳбарӣ, некию накукорӣ, хираду хирадмандиро овардаанд, ки бахше аз онҳо чунинанд:

  1. Эй азизон, умр ғанимат шумуред!

  2. Вақт аз даст мадиҳед!

  3. Рӯзи нек ба рӯзи бад мадиҳед.

  4. Ҳозирвақт бошед, ки умр дубора нахоҳад буд.

  5. Бар худписанд салом мадиҳед.

  6. Замони нохушро ба ҳисоби умр машуморед.

  7. Мардуми хушбош ва сабукрӯҳ ва каримниҳод ва қаландармизоҷро аз мо дуруд диҳед.

  8. Гирди дари подшоҳон магардед ва атои эшон ба лиқои дарбонони эшон бахшед.

1 Дурдонаҳои наср: намунаҳои насри форсу тоҷик. Иборат аз чаҳор ҷилд. (Тартиб: А. Афсаҳзод, А. Алимардонов ва дигарон.), Душанбе: Адиб, 1989, - 432 с.

пешина
аз 566
навбатӣ