Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Эмомалӣ Раҳмонов буда, имрӯз аксари фанҳои таълимӣ дар мактаби миёна ва қисме аз фанҳо дар макотиби олӣ ба китобҳои дарсӣ бо забони тоҷикӣ таъмин карда шудаанд.

Таълифи китоби чорҷилдаи Менеҷмент низ бо забони тоҷикӣ натиҷаи ҳамин дастгириҳо буда, банда боварӣ дорад, ки дар оянда низ оид ба ин масоили муҳиму мушкили роҳбарӣ кӯшиш ба харҷ дода, каме ҳам бошад дар тарбияи мутахассиси ояндаи ин миллати хирадманд саҳмгузор бошам.

Чуноне ки Эмомалӣ Раҳмонов қайд намудаанд: «Бигзор азму иродаи қавӣ ва нерӯи созандагии халқи азизамон моро ба сӯи кору пайкорҳои оянда ва фатҳу нусратҳои тоза ҳидоят намоянд! Бигзор Тоҷикистони азизи мо бо низоми пешрафти давладорӣ ва симои хоси миллӣ дар сафи кишварҳои муттамаддини олам ҷой гирад!».1

Давраи дуввум, ки бо баробари ба мӯҳлати нав интихоб намудани сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмонов ба ҳайси Президенти кишвар (6 ноябри соли 2006-ум) рост омад, дигаргуниҳои хирадмандонаи миллии тоҷикона мебошад, ки акнун дар ҷаҳонбинӣ, шууру тафаккур ва қалбҳои мо бояд ба вуҷуд оянд.

Мо акнун бояд ба оламу одам нигоҳи нави тоҷикона дошта бошем, ки асосашро меҳру муҳаббат, хирад, зебоӣ ва сулҳу амонию осоиштагию созандагӣ ва дигар хислатҳои наҷиби инсонӣ ташкил диҳад. Бо боварии қатъӣ метавон гуфт, ки сарзамини тоҷикон, ки биҳишти рӯи замин буда, ин қадар бузургону хирадмандон дар ин ҷо хобидаанд, дастгиру мададгори мо дар ин кори хайр хоҳанд гашт. Ин замини муқаддас ва инсонпарвар аст, ки ҳар қадам ниҳодани моро аз нерӯи поки илоҳӣ қувват бахшида, ба роҳи рост ҳидоят менамоянд.

Чуноне ки Эмомалӣ Раҳмонов мегӯянд: «Бояд таъкид кард, ки дар тӯли беш аз ҳазор сол мардуми мо пайваста барои эҳёи давлати миллии худ ва истиқлоли он талош мекард. Бо ҳукми тақдир имрӯз ба мо муяссар шудааст, ки орзуву ормони деринаи миллати тоҷикро амалӣ сохта, ба бунёди давлати мустақили Тоҷикистон ноил гардем».

Аз ин хотир мо низ таъкид бар он дорем, ки ҳамагон вазифадор ҳастем, ки ин замини зарнигорро дӯст дошта, хоку обу ҳавою набототу ҳайвоноти ӯро

пешина
аз 566
навбатӣ