Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

сарбаландӣ метавон гуфт, ки Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳои рӯ ба тараққӣ ниҳодаи ҷаҳон барои ноил гаржидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсолаи навин самтҳои асосии «Стратегияи Миллии Рушдро барои солҳои 2007-2015-ум» таҳия намуд, ки онро бевосита Созмони Миллали Муттаҳид дастгирӣ намудааст. Вобаста ба ин Тоҷикистон метавонад, ки дар оянда зиёда аз 13 миллиард доллари амрикоии сармояи хориҷиро барои инкишофи иқтисодӣ истифода баранд.

Як нукта ҷолиби диққат мебошад, ки баъди зиёда аз 70 соли ҳукмронии Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон, аввалин маротиба баъд аз талошҳои зиёди сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонов пули миллии тоҷикӣ Сомонӣ соли 1999 ба муомилот бароварда шуд, ки дар он нишонаҳои хоси миллӣ инъикос ёфтааст, ки ин боз ба дили ҳар як фарди ватандӯсту боору номуси миллат шӯълаи навини бобариро барои ояндаи неки мамлакатамон фурӯзон месозад.

Вобаста аз ин низоми бонкии мамлакат ба эътидол оварда шуда, сармояи дохила ва беруна дар иқтисоди кишвар ва иштироки бевоситаи аҳолӣ дар дастгирии молиявии иқтисодиёт афзуда, низоми андоз ва меъёрҳои андозсупорӣ ба буҷаи давлат танзим карда шуд. Мақоми андоз дар ташкили буҷа қариб 18-19% мебошад, ки ин барои инкишофи соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ ва рушду нумӯи соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва дастгирии иҷтимоии мардуми камбизоат саҳми арзанда дорад.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон дар мавқеи табиию географие ҷойгир мебошад, ки зиёда аз 55% обҳои дарёҳои Осиёи Миёна дар ҳудуди ҷумҳурӣ ташаккул ёфта, соле ба 65-75км3-ро ташкил медиҳанд ки барои сохтмонҳои нерӯгоҳҳои обӣ-барқӣ хеле қулай буда, на фақат Тоҷикистон, балки дигар давлатҳои ҳамсоя низ метавонанд аз он мақсаднок истифода баранд. Бинобар ин, Эмомалӣ Раҳмонов бо хиради баланди иқтисодӣ ин раванди роҳбарии иқтисодию иҷтимоиро ҳамчун соҳаи бартариятноки иқтисодии мамлакат дарк намуда, ба сохтмонҳои азими гидроэнергетикии Сангтӯда - 1, Сангтӯда - 2, Роғун ва дигар нерӯгоҳҳои хурду миёна замина гузоштанд, ки Худо хоҳад аввали соли 2009-ум Тоҷикистонро пурра ба барқ таъмин намуда, инчунин, имкон пайдо менамоем, ки нерӯи барқро ба хориҷи кишвар фурӯшем.

пешина
аз 566
навбатӣ