Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
кишвари ҳамсоя ва дигар давлатҳои дуру наздик ба Ватан баргарданд ва ба зиндагии навини осоиштаи худ оғоз намоянд.
Маҳз, тавассути роҳбарии хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмонов ва дили поки инсондӯстонаю адолатхоҳ, сулҳпешаю дурандеш ва комилу шуҷоъ, ватандӯсту некбину некпарвару миллатшиносии ин абадмарди таърихӣ боз миллати тоҷик тавонист, ки дар роҳи барқарорсозии давлати миллӣ ва Тоҷикон қадамҳои устувор гузорад.
Бинобар ин, яке аз аввалин иқдомҳои Эмомалӣ Раҳмонов ҳамчун Сарвари давлати навини Тоҷикистон ин барқарор намудани ҳокимияти қонунӣ ва мақомоти идоракунӣ дар саросари кишвар буд.
Ташкили сохтори идоракунии давлатӣ, органҳои ҳимояи ҳуқуқию низомӣ ва сарҳадию дохилии мамлакат, ки то ин вақт пурра фалаҷ гашта буданд, вазифаҳои муҳиму аввалиндараҷа ва мушкулу мураккаби роҳбарии давлатӣ ба ҳисоб мерафтанд. Аз ин вазифаи муҳими таърихӣ Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмонов ифтихормандона баромада, дар як муддати хеле кӯтоҳ тавонистанд, ки тартиботи қонуниро дар мамлакат ҷорӣ намуда, фаъолияти вазорату идораҳоро дар шакли сохтори навин ташкил кунанд ва халқи тоҷикро ба ояндаи хуби тақдирсозаш бовар кунонанд.
Сохтори президентии роҳбарии мамлакат ва сохтори давлатии ҳукумати Тоҷикистон низ бо сифати давлати ягонаи дунявӣ дар асоси Сарқонун муайян гардид, ки барои роҳбарии замонавии миллати тоҷик хеле мувофиқ мебошад. Инчунин, боз ташкил гардидани порлумони дупалатагии Тоҷикистон имкон фароҳам оварданд, ки оид ба тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти давлатдорӣ қонунҳо ва фармонҳо интишор гарданд, ки ба меъёрҳо ва талаботҳои имрӯзаи байналхалқии башарӣ мувофиқ буда, инкишофи иқтисодию сиёсии мамлакатро таъмин менамоянд. Бояд гуфт, ки дар ин самт саҳми дигар фарзандони баруманди миллати тоҷик, роҳбарони порлумон ба монандӣ: М.Убайдуллоев, С.Раҷабов, С.Хайруллоев, А.Достиев, С.Зуҳуров, У.Давлатов, Б.Бобохонов, Х.Шарифов ва дигарон мақоми арзандаи таърихӣ доранд.
Мақоми таърихии Эмомалӣ Раҳмонов ҳамчун эҷодгари хиради давлатдории навини тоҷикон пеш аз ҳама дар он мебошад, ки барои ташкили дурусти сохтори роҳбарии мамлакат ва барпо намудани пояи қонунии он, олитарин сифатҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё