Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Дар шароити фарарасии бӯҳрони иқтисодию сиёсии режими коммунистӣ дар Марказ (1966-1985) дар Тоҷикистон низ фарзандони баруманди миллати тоҷик, А.М.Баҳовуддинов, Х.Мирзозода, Раҳим Ҳошим, Г. Ашӯров, А.Мирзоев, М.Турсунзода, Ғоиб Сафарзода, Ашӯр Сафаров, Гулрухсор, Бозор Собир, Саидалӣ Вализода, Лоиқ Шералӣ, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Салими Хатлонӣ ва дигарон ба майдони илму адаб омаданд, ки оиди муаммоҳо ва сохтори тоталитарии режими коммунистӣ пардапушу рӯирост асарҳо эҷод менамуданд ва сирру асрори нодурусти режими сотсиалистиро фош менамуданд.

Дар ин давра аз ҷумлаи аҳолии Тоҷикистон зиёда аз 75% дар қишлоқҳо зиндагӣ мекарданду зиёда аз 55% қувваи кории мамлакат ба соҳаи кишоварзӣ сару кор доштанд ва аслан онҳо соҳиби маълумоти миёна ё миёнаи махсус буда, дар шароити вазнини иқтисодию экологӣ кору фаъолият менамуданд. Солҳои 80-ум кор ба ҷое расид, ки ҷои ҳамаи принсипҳои идоравию нақшаҳои бе асоси «Коммунистӣ» гирифтанд ва роҳбарони тоҷик ба хизматгорони хоҷаҳои коммунист мубаддал гаштанд.

Дар нимаи дуввуми солҳои 80-ум бӯҳрони сохтори идоравии ИШ ба авҷи олии худ расида, сар то сари ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравиро фаро гирифт ва оқибат соли 1991-ум Иттифоқи Шӯравӣ барҳам хӯрд. Дар Тоҷикистон ба ҳайси котиби аввали ҲКШ Маҳкамов Қаҳҳор Маҳкамович фаъолият доштанд ва Тоҷикистон, ки ҳамчун республикаи аграрии қафомонда дар ин иттиҳод шинохта мешуд, аввалин шуда ба ин гирдоб афтид ва маркази даргириҳои сиёсӣ дар Осиёи Миёна гардид.

Бояд гуфт, ки маҳз сустиродагию беғайратӣ ва паст будани қудрати кадрҳои идоравии сохтори давлатӣ ва сатҳи фарҳангии мардум сабабгори сар задани нотинҷӣ ва ҷанги шаҳрванӣ (1990-1992) дар саросари Тоҷикистон гардид, ки бо кӯмаку дастгирии хоҷаҳои хориҷию хоинони ниқобпӯши даруни миллат оқибат ба хунрезӣ, нобуд шудани ҷавонмардони асили миллат, паст шудани иқтисодиёт ва боло рафтани сатҳи камбизоатии аҳолии мамлакат оварда расонид.

Дар чунин як шароити вазнини иқтисодию сиёсӣ 24 августи соли 1990 иҷлосияи дуввуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд.

пешина
аз 566
навбатӣ