Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

алафи табиии ду панҷсола дар як панҷсола ҷамъоварӣ шуд» гӯён, ҳисобот доданд. Дар вақти тафтиш муайян кардем, ки ҳанӯз дар моҳи апрел, ки алафи табиӣ ҳоло дар ин ноҳия аз замин насабзидааст ба миқдори зиёда аз 2000 тонна захира шудааст ва моҳи май ин миқдор ба чорвои хоҷагӣ хӯронида шудааст. Ё ин ки ҳисоботи ширҷӯшӣ, 3000 литр шир аз як сар говро ташкил намуда, аз он 1000 литрашро гӯсола хӯрдааст ва ғ. Албатта, чунин як нишондиҳандаҳои бардурӯғи изофанависӣ барои ҳар як хоҷагӣ хос буд, чунки барои баҳо додани фаъолияти роҳбарони хоҷагиҳо фақат як нишондиҳанда асосӣ буд — иҷрои нақшаи бардурӯғ. Роҳбарони сустсаводи вазифаталаб бошад, кам набуданд.

Назариячиёни сотсиализм бошанд дар солҳои 70-80-ум диққати илмӣ идоравиро ба муносибатҳои истеҳсолӣ равона сохта, сохторҳои идорании истеҳсолиро дигаргун намуда, комплексҳои агросаноатӣ, иттиҳодиявию минтақавӣ, ташкилотҳои махсусгардонидашудаи истеҳсолиро аз рӯи қоидаҳои ҳисоби пурраи хоҷагӣ ташкил мекарданд, ки ин ҳам натиҷаи дилхоҳ намедод, чунки омили асосии идоравии «Одамон» ба инобат гирифта нашуда буданд.

Душманони миллати тоҷик, хиёнаткорон, ки ниқоби коммунистӣ пӯшида, дар сафҳои он барои тоҷикон хизмати хирсона мекарданд, фарзандони баруманди тоҷикро, ки фикрҳои тозаи роҳбариро доштанд, бо баҳона ва туҳматҳои мазҳабию динӣ (солҳои 60-ум), махсусан, фарзандони барӯманд роҳбарони кӯҳистони ҷанубу шарқии Тоҷикистонро ба зиндонҳо мепартофтанд, ки ин албатта дар инкишофи иқтисодии мамлакат ва минтақаҳои кӯҳистон бе таъсири манфӣ намондааст.

Дар баробари ин институтҳои калони тадқиқотии илмии идоравӣ ташкил карда шуда, солҳои 80-ум чорабиниҳои илмию амалӣ оид ба муаммои муҳим хеле зиёд гашта буданд, ки нақшаю пешниҳодҳои худро пешкаш мекарданд, аммо «Иқтисоди планӣ», ки аксар нишондиҳандаҳои бардурӯғи хоҷаҳои хушомадуғӯи марказ буданду ҳисоботҳои нодуруст пешниҳод менамуданд, тамоми Иттифоқи Шӯравиро ба ҳолати бӯҳронӣ (кризисӣ) оварда расониданд. Дар назди нақшаи марказонидашудаи беасос тамоми фикру андешаҳои нави эҷодӣ оҷизу нотавон монда буданд.

пешина
аз 566
навбатӣ