Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Аз тарафи дигар дар муддати кӯтоҳ иваз кардани ҳуруфоти арабӣ - форсӣ ба лотинӣ (1929) ва лотинӣ ба кириллӣ (1940), насли нави тоҷикро аз фарҳангу мероси ҳазорсолаҳои авлоду нажоди худ дур андохт, ки оқибати манфии онро мо то ҳол (2007) бараъло эҳсос мекунем. Бо чунин як роҳи ғаразноки идораи давлатии режими коммунистӣ тавонист, мардуми тоҷикро боз садсолаҳо қафо партояд, яъне он забоне, ки тӯли ҳазорсолаҳо забони давлатии шоҳону амирон буд, аз гуфтор монд. Дар чунин як вазъияти ногувор боз мардуми фарҳанддӯсти миллати тоҷик бо забони русӣ эҷод карданд ва корҳои илмӣ низ таълиф намудаанд. Кор ба ҷое расид, ки дар мактабҳои олию миёна аксар вақт тоҷик бо тоҷик ба забони русӣ дарс мегуфт ва имрӯз низ баъзе зиёиёни тоҷик, ки дар мартабаҳои баланди давлатӣ кору фаъолият мекунанд, бо забони модарии худ (забони тоҷикӣ дар назар аст) навишта ва сухан гуфта наметавонанд.
Бояд гуфт, ки солҳои 20-ум масҷидҳо баста шуданд, баъзе онҳоро ба андору саисхона ва баъзеашонро ба мактабҳои шӯравӣ ва хонаҳои истиқоматӣ табдил доданд. Мардуми донишманд аз тарс китобҳои муқаддасу таърихӣ ва тарбиявии худро ба заминҳо гӯр ё ба горҳои чуқур пинҳон мекарданд ва бо ҳар восита несту нобуд месохтанд. Дар ин муборизаи зидди ақлони садҳо донишмандону олимон ва ҳазорҳо мардуми босаводи миллати тоҷикро қатл ё бадарға карданд. Боқимонда одамони босаводу соҳибхирад Тоҷикистонро тарк гуфтанд.
Дар Тоҷикистон мисли дигар Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, Ҳизби Коммунистӣ ташкил карда шуд, ки аввалин съезди худро соли 1930-юм гузаронида дар он равандҳои асосии инкишофи иқтисодию сиёсии Тоҷикистон, ки бечунучаро итоаткунандаи Кумитаи марказӣ (то аввали солҳои 90-ум) ҲКШ буд, муайян гардид ва дар он аксар нишонаҳои миллӣ ва ҷуғрофию минтақавӣ ба инобат гирифта намешуданд. Кадом шахсе ё донишманде дар бораи масоили миллӣ ва миллат агар сухан мекушод, ӯро бархе аз коммунистони тоҷик, ки бехудоиро асоси кору фаъолияти худ қарор дода буданд, ба миллатгароӣ ва ё маҳалгароӣ айбдор сохта, несту нобуд мекарданд.
Солҳои 30-юм «террори бузурги режими Сталинӣ» насли бузурги миллати тоҷикро ба коми «хунин»-и худ фурӯ бурд, қисми донишмандони тоҷик ба Афғонистону Ҳиндустону дигар кишварҳои дунё гурезаи маҷбурӣ шуданд. Бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё