Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
шудан таклиф намуда, озодии шараф, номус, истиқлолияти шахсиро ҳидоят кардааст:
Ҳаром аст даҳ чиз бар родмард,
К-аз он шаш бувад марди озода фард.
Ҳасад бурданру сифлагию дурӯғ,
Намудан ниёзу заифию дард.
Чу неъмат бувад даст бо дӯстон,
Бибояд кушодан ба доду хвард.
Чу шиддат бувад роз пайдо макун,
Биҳил, то шавад рӯят аз дард зард.
Сино ба инсонҳо кӯмак расониданро тарафдорӣ намуда, дар баробари он таъкид мекунад, ки мо бояд дӯстро аз душман фарқ намуда, аз дӯсти дурӯя даст кашем. Албатта, чунин талабот дар менеҷменти муосир низ аз аҳамият холӣ набуда, дар дастаи ташкилот ва менеҷмент барои шахсони дурӯя, умуман, бояд ҷой набошад. Чунончи, шоир таъкид кардааст:
Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст,
Бо дӯст набоядам дигар бор нишаст.
Парҳез аз он шакар, ки бо заҳр омехт,
Бигрез аз он магас, ки бар мор нишаст.
Х Х Х Х Х
Ба пурсиши ҳама кас сирри худ пинҳон кун,
Касе, ки бар ҳазар аст, ӯ бувад мулоҳизакор.
Асири туст ҳама сиррат ар ниҳон дорӣ,
Асири сир бишавӣ, гар ҳаме кунӣ изҳор.
Вақтшиносӣ ва кӯтоҳ будани умри одамизод дар асарҳои Сино низ мақоми хоса дорад. Файласуфи бузург таъкид ба он дорад, ки ҳар як лаҳзаи ҳаёти инсонӣ имкону қувваи худро дошта, шахс кори ҷавониро танҳо дар ҷавонӣ ва пириро дар пирӣ иҷро карда метавонад, яъне вақте ки умри инсон мегузараду ӯ ба пирӣ мерасад, аллакай аксари имконотро аз даст медиҳад:
Чун пир шудӣ кори ҷавон натвон кард,
Пирӣ ба кофирӣ ниҳон натвон кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё