Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Умуман, пайванд ва алоқамандии равиши (методика) таълими адабиёт бо илмҳои дигар хеле вусъатнок буда, баъзе равишҳои он хусусияти хоси таълимию маърифатбахшӣ доранд. Равишҳои таълими адабиёти тоҷик дар мактабҳои ғайритоҷикӣ чун адабиёти хориҷӣ сурат мегирад.
Аз ин таснифот бармеояд, ки ин равишҳои таълим барои мактабу маорифи мо ҳодисаи нав ва меваи истиқлол буда, ҳар кадоми онҳо махсусияти худро доранд.
Вале усулҳои умумии таълими адабиёт, аз ҷумла, таърихият, илмият, ягонагии мундариҷаву шакл барои ҳамаи ин равишҳо умумӣ боқӣ мемонад.
Ҳамчунин, талабот ба ҷараёни таълим мисли пайванд бо зиндагӣ, низом ва ҳадафмандии таълим, фаҳмо будан, аёният, шаффофият ва таъсиргузор будани натиҷаҳои таълим, ягонагии таълим ва манфиатҳои миллию давлатӣ низ собит ва бетағйир аст. Аммо дар шароити таълими фанни адабиёти тоҷик дар мактабҳои тоҷикӣ ва ғайритоҷикӣ баъзе усулҳо ва талаботи зикршуда метавонанд ба худ шакл ва мундариҷаи тоза гиранд.
Дар мактабҳои тоҷикӣ ва ғайритоҷикӣ низ фанни таълимии адабиёти тоҷик дар маҷмўъ дарси воҳиди ҳунари суханшиносӣ буда, асосҳои илмии адабиётшиносиро меомўзад. Чизи дигари муҳим дар ҷараёни таълими адабиёти тоҷик дар мактабҳои миллӣ он аст, ки таълими ин фан бояд миқдори муайяни донишҳои таърихӣ ва назарию адабиро фаро гирад.
Хусусияти хоси таълими адабиёти тоҷик муносибати эҳтиёткорона ва судмандро дар истифодаи аёният ҳангоми омўзиши осори бадеӣ тақозо мекунад.
Равишҳои хоси таълими адабиёти тоҷик тақозо мекунанд, ки ҳангоми омўзиши таърихи адабиёти гузашта, имрўз ва осори алоҳидаи бадеӣ аёният эҳтиёткорона ва судманд истифода карда шавад. Аёният бояд, ки аз воситаҳои асосии таълим барои омўзиши адабиёт, дарки моҳияти аслии симоҳои осори бадеӣ ва дарунмояи он бошад.

пешина
аз 344
навбатӣ