МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Талабагон асосан дар синфҳои 5-7 бояд хондану фаҳмидани асари классикиро аз худ намоянд. Ба ин хотир ба омўзиши осори адибони маъруф ва шинохта бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, то ки асари онҳо ба китоби дарсӣ зиёдтар ва яклухт, бо пораҳои бузург (на кам-кам ва канда-канда) дохил карда шавад ва барои дар синф хондани матн имконият бештар дошта бошанд. Ин равияро вусъат додан, роҳҳои хониши синфӣ ва маънидоди синфии матни классикиро ҷустан зарур аст. Дар синфҳои ибтидоӣ маънидоди матни классикӣ бештар шифоҳӣ ва аз тарафи омўзгор сурат мегирад... Зинаи дуюм таҳсилоти миёна (синфҳои 5-10) давраи асосии даст ёфтан ба маънои матни классикист. Дар ибтидо худи талабаҳо бо ёрии зернавишти маънидод ва фарҳангҳои гуногун, бо роҳбарии омўзгор ба маънои мисраву байтҳо роҳ ёфтанро ёд мегиранд, малакаҳои ҷиддии маънирасӣ пайдо мекунанд. Бо дастрасии ин раванд, яъне фаҳмиши маънӣ ва маърифатписандӣ муҳимтарин сифатҳои шахсият ба вуҷуд меояд. Биноан, бунёд ва ташаккули ин сифатҳоро дар раванди тадриси адабиёт дар мактаби миёна мебояд устувор сохт.
Барои омўзиш дар синфҳои 11 пораҳои ҷудогона аз матни классикӣ ва адабиёти имрўз пешниҳод карда мешаванд, ки ҳатто, аз ҷиҳати мавзўъ низ миёни худ рабте надоранд. Маълумоти мухтасари тарҷумаҳолӣ ва порае аз асар дониши хонанда ва малакаи адабиётфаҳмии ўро тақвият намебахшад. Дар ин замина мо бояд ба усули таълими «Гулистон»-и Саъдӣ дар мактабҳои кўҳна бо истифодаи равишҳои замони муосир истифода кунем. Маводи бадеиро мумкин аст аз рўи мавзўъ низ дастабандӣ кард. Ин кор ба хонандагон ёрӣ мерасонад, ки масъалаҳои муҳимеро, ки осори бадеӣ ба миён гузаштааст, дарк кунанд. Дар ин росто завқ ва эҳтиёҷи маънавии хонандаи имрўзро бояд ба назар гирифт. Матнҳои интихобшуда ва таҳлилу тафсири онҳо бояд, ки дар фазои иттилоотии муосир рақобатпазир бошанд.
Ин мавод тавонад, ки диққати хонандаи ҷавонро аз фаҳшу фуҷури филмҳои саргармкунанда ва фаҳшномаҳои интернетӣ раҳо карда, ба адабиёти асил ва бо маънавият пайвандад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё