МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Бинобар ин, моҳият, ғояи асар, симо ва персонажҳо ба пуррагӣ аз худ карда намешавад. Ҳамчунин, бозтоби ҳунарии адабиёт ва муаллифи эҷодкор мақсад ва вазифаҳои осори бадеӣ возеҳ ва равшан шинохта намешавад.
Ҳатто, худи омўзгорон низ муҳтаво ва муназзамиву пайдарҳамии воқеоти тасвирёбанда, сохтор ва унсурҳои осори адабиро пурра аз худ накарда оҳоро ба хонанда амиқ омўхта наметавонанд. Айни замон дар тафсири фанни адабиёти тоҷик таҳлил, таркиб ва арзёбии мазмуну мундариҷаи комил, сохтор ва унсурҳои осори адабӣ, шахсияти адиб ва симои ҳунарии вай ба таври дилхоҳ омўхта намешавад. Мебояд, ки усул ва воситаҳои фаъоли омўзиш ва таълими адабиёти тоҷик самарабахш истифода шаванд ва ҷиҳати равнақи тафаккури эҷодӣ ва идроки маърифат усулҳои муосири инкишофи малака ва маҳорати хонандагон имконият фароҳам оваранд.
Ҳамзамон, мақсад аз таълими фанни адабиёти тоҷик танҳо шарҳи нақлу ахбори таърихӣ ва саргузашти шахсони ҷудогона набуда, бештар ба тарбияи маънавию эстетикӣ, худшиносӣ, парвариши ҳаёти солим ва эҳсоси зебоипарастӣ, маърифати ҳусн дарёфти арзишҳои ҳунарӣ, ҳусну назокати суханварӣ, ахлоқи ҳамида ва мақоми инсонпарварона нигаронида шудааст.
Мутаассифона, ин таҷрибаи нописанд дар замони истиқлол низ ҳамчун суннат пазируфта шуд ва арзиши маънавӣ ва ҳунарии дарсӣ адабиётро хеле ва хеле поён бурд.
Ба ин сабаб хонандагон асари бадеиро дар синф кам ва порапора мехонанд ва табиист, ки фаҳмидани онро ёд намегиранд. Яке аз сабабҳои камсаводӣ ё бесаводии хонандагони мактабҳо аз адабиёт маҳз ҳамин аст. Ҳамин омил аст, ки хонандагон мактабро тамом кунанд ҳам, ба фаҳмидан таҳлил ва тафсир кардани матнҳои классикӣ ва муосир қодир нестанд. Биноан, аз чунин тарзи таълими адабиёт дар мактаби миёна даст кашидан лозим аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё