МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Таҷҳизот ва ороиши кабинет барои тайёрии самараноки омӯзгорон ба дарсҳо ва машғулиятҳои беруназдарсӣ, корҳои методии фардӣ, гузаронидани вохўрӣ, машварату суҳбатҳо, хоншҳои педагогӣ ва амсоли инҳо мусоидат менамояд. Дар кабинет мунтазам адабиёти илмию методӣ, маводи дидактикӣ, воситаҳои таълим ва матбуоти рӯзмарра ҷамъоварӣ мегардад ва хазинаи иттилоотию тарғиботӣ ба вуҷуд оварда ба тартиби муайян ба намоиш гузошта мешавад.
Дар баробари ин, дар кабинет гӯшаҳои «Маҳфили адибони ҷавон», «Суханшинос», “Муқаддасоти миллӣ”, «Ифтихори мо», «Дастовард ва навгониҳо», “Бузургон дар бораи забон ва адабиёт”, “Чиро бояд хонд”, “Таҷрибаи ибратомӯз” , симоҳои адибон ва монанди инҳо бояд ороиш ёфта бошанд. Ҳамчунин, дар кабинет дафтарҳои корҳои хаттии санҷишӣ, нақли хаттӣ ва иншо, албом, аёният ва расму овезаҳо нигоҳдорӣ мешаванд.
Дар кабинети методии адабиёт мудири кабинет масъул буда, раванди фаъолияти кабинетро ба танзим меоварад. Тарзи ороиш ва танзими кабинети методӣ ба салоҳдиди мудири кабинет ва маслиҳати омӯзгорони муассисаи таълимӣ вогузошта мешавад.
Ҳамзамон, бо имконияти таъмини синфхонаҳо дар якҷоягӣ ташкил намудани кабинети забон ва адабиёт низ тавсия дода мешавад. Кабинет таҳти роҳбарии директори мактаб дар ҳамкорӣ бо мудири кабинет ва омӯзгорон ба кормандони педагогӣ ва хонандагон кумак мерасонад.
Дар маҷмўъ кабинети методии адабиёт дар муассисаи таълимӣ ҳамчун маркази ёрирасони таълимӣ ва тарбиявӣ ва танзимкунандаи корҳои фориғаздарсӣ фаъолият ва ҷиҳати рушди корҳои таълимию методӣ ва таъмини таҳсилоти босифат ба омӯзгорон ва хонандагон мусоидат менамояд.
Дар замима намунаи силсилаи воситаҳои аёнӣ-ҷадвалҳои фанни адабиёти тоҷикро, ки дар ҳамкорӣ бо омўзгори равоншинос Ҳ. Саидов мураттаб гардидааст, пешкаш менамоем. Умедворем, ки омӯзгорони арҷманд аз онҳо самаранок истифода намуда, минбаъд ҷиҳати такмил бахшидан ва бештар саҳеҳ таҳия кардани ин ҷадвалҳо кумаки амалии хешро дареғ намедоранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор