Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Корҳо ва ё машғулиятҳои берун аз синф дар шакли фардӣ, гурўҳӣ ва оммавӣ баргузор мегарданд ва ташкил ва назорати онҳоро омўзгор, роҳбари синф ва муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ ба уҳда доранд. Корҳои берун аз синф ва ё берун аз мактаб ба дарси адабиёт алоқамандии нагусастанӣ дошта, идомаи мантиқии ҳамдигаранд, якдигарро пурра ва дақиқ месозанд. Ташкили самараноки ин намуди фаъолият ба омўзгор имконият медиҳад, ки дониш ва малакаҳои пайдонамудаи хонандагонро мушаххас ва муназзам такмил ва инкишоф диҳад.
Дарси адабиёт ҳамеша ба хазина ва ҳосили корҳои берун аз синф ва ё берун аз мактаб, махсусан, хониши мустақилонаи хонандагон такя дорад ва тавассути дониши азхуднамуда дар раванди таълим ва бозтоби ҳунарии осори адабӣ муяссар мегардад. Дар дарси адабиёт нақл ва муҳокимаи асари хондашуда, ахбор, маърўза, тақриз ва бозёфтҳои эҷодии фардии хонандагон мунтазам баррасӣ мегардад. Дар умум хониши мустақилонаи асари бадеӣ ба шахс мавод ва масолеҳи бунёдкории қасри тамаддун, мактаби одамият ва иморати суханро медиҳад.
Дар корҳои берун аз синф аз ҳама бештар фардият ва шахсияти хонанда ҷилвагар гашта, худфаъолиятӣ ва худшиносии инсон такмил меёбад. Маҳз ҳамин самти фаъолият барои шинохти шахсияти хонанда, камолоти касбӣ ва татбиқи қисмати фаъолияти мушоҳидакирӣ ва илмии вай мусоидат менамояд. Дар ин замина вазифаҳои омўзгорро дар раванди фаъолият бо чунин нишондодҳо метавон муайян намуд:
-омўзиш, дарк ва ташаккули тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ, ватандўстӣ, инсонпарварӣ, зебоишиносӣ ва ҷомеашиносӣ тавассути чорабиниҳои гуногуни беруназсинфӣ дар алоқамандии манбаъ ва маводи осори адабӣ;

пешина
аз 344
навбатӣ