Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

1.Хонандагон мазмуни ғоявии матнро чӣ тавр аз худ кардаанд.
2.Матн аз тарафи хонанда мазмунан пурра ва возеҳ ифода ёфтааст ё не?
3.Интихоби калимаю ибора ва ҷумласозӣ, истифодаи дурусти калима ва ибораҳо, алоқамандии фикр дар ҷумлаҳо, истифодаи ҷумлаҳои мураккаб ва аломати китобатӣ, нутқи айнан ва мазмунан нақлшуда ва ғайра.
4.Услуби кор (якмаъноӣ ва сермаъногии калима ва ибора, равонии ифодаи фикр, дуруст ё нодуруст истифода кардани муродифҳо, овардани иқтибос ва ғайра).
5.Микдори ғалатҳои нақл (услубӣ, имлоӣ ва аломатҳои китобатӣ).
Баҳои «5» ба нақли хаттие гузошта мешавад, ки:
– мазмунан мураттаб навишта шуда бошад;
– дар баёни воқеъ иштибоҳ ва норавшанӣ дида нашавад;
– дар кор равонии фикр, таъсирноку аниқии услуби ҷумласозӣ мушоҳида карда шавад;
– дар интихоби калимаю ибора комил будани захираи луғавии хонанда маълум шавад;
– мазмуни кор ба мавзўи нақл ва нақшаи тартибдода мувофиқат кунад;

  • кор тозаю озода бошад;
    – дар навишти калима, ибора ва ҷумла хатогиҳои имлоӣ ва аломатҳои китобатӣ на кам аз якто ба чашм расад.
    Баҳои «4» ба нақли хаттие гузошта мешавад, ки:
    – мазмун дуруст ифода шуда, баёни рафти воқеа тартиби муайян дошта ва иштибоҳе дида нашавад;
    – тарзи ифодаи фикр таъсирнок дар интихоби калимаю ибора ё сохти ҷумла саҳве содир нашуда бошад;
    – ду ғалати имлоӣ, ду ғалати аломати китобатӣ ва як ғалати услубӣ дошта бошад.
    Баҳои «3» ба нақли хаттие гузошта мешавад, ки:
    – мазмун дурусту баёни воқеа аз ҷиҳати мураттабӣ каме нуқсон дашта башад;
пешина
аз 344
навбатӣ