Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • интихоби матн ва муайян намудани навъи нақли хаттӣ;
  • хониши муассир ва ифоданоки матн;
  • шарҳи калима ва ибораҳои калидӣ ва душворфаҳм;
  • навишти матн ва арзёбии нақли хаттӣ.
    Нақли хаттӣ рўйнависи айнани матни асари бадеӣ набуда, инъикосгари андеша ва фикри хонанда оид ба мавзўъ, ғоя ва симои асосии матни муайяни порча ва ё лавҳаи асари бадеӣ мебошад.
    Дар нақли хаттӣ интихоби лавҳа ва ё порчаи матни асарои бадеӣ арзишманд аст ва қабул, дарк, пешниҳоди муҳтавои матн ва хусусияти адабию услубии он риоя мегардад. Матни нақли хаттӣ аз порча в ё қисматҳои таъсирбахши китобҳои дарсӣ, асарҳои бадеӣ ва мусаввараҳои ҷудогона интихоб карда мешавад. Матни нақли хаттӣ метавонад хусусияти гуногун дошта бошад. Масалан, дар матни ҳикоягӣ унсурҳои тасвир ва дар матни тасвирӣ хусусиятҳои таҳлилӣ ва дар матнҳои ҷудогона хусусияти муштаракро дошта метавонад.
    Дар нақли хаттии ҳикоягӣ соддагии баён ва ифода мушоҳида шуда, ҳодиса ва лаҳзаҳои тасвирёфта ба зиндагинома ва ё сифати фаъолият бахшида мешавад.
    Маҳаки асосии ин навъи нақл ахбор ва ивазшавии ҳодиса ва воқеаҳо буда, афкори хонандагонро муназзам ва мантиқӣ мегардонад, пайдарҳамии дарки ҳодисаву воқеаҳоро таъмин намуда, ба инкишофи малака ва маҳорати донишомўзӣ ва саводнокии хонандагон мусоидат менамояд.
    Нақли хаттии тасвирӣ нисбатан мушкилтар буда, навишти пурратари сифату хусусияти ашё, унсурҳои тасвир, ҳодисаву воқеот, симои зоҳирию ботинӣ ва ғайраҳоро дар бар мегирад. Дар ин намуди нақли хаттӣ дарки унсурҳои тасвир ва воситаҳои баён, ки дар матн истифода шудааст, шарт мебошад.
    Масалан, ҳангоми мутоилаи порча аз романи «Фирдавсӣ»-и С. Улуғзода сарнавишти ибратомўз ва пурмашаққати шоирону олимон, заҳматҳои кори эҷод, рўҳия ва набзи замони тасвирёбанда дар алоқамандӣ бо шахсияти шоир, симои қаҳрамон ва нависандаи асар идрок мегардад.
пешина
аз 344
навбатӣ