МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Дар таҳлили мавзўъҳои дигар низ аз чунин намуна метавон истифода бурд.
Нақша ва мантиқу пайдарҳамии фикр Иншо дар асоси нақша бояд мақсаднок ва мантиқӣ мураттаб гардад. Нақша тарҳи муайяни иншои хуб аст.
Таҳияи нақшаи иншо маънои ба қисматҳо муназзаму мантиқи дарҷ намудани андешаро дорад. Ҳар як қисмати иншо мақсад ва ва вазифаҳои муайян дошта, дар алоқамандии ҳамдигар мазмун ва муҳтавои иншоро тақвият мебахшад. Қисмат, боб ва зербобҳо (праграфҳо) ҷудогона номгузорӣ мешаванд ва дар умум маънои том ва ягонаи кори эҷодиро таъмин менамоянд. Тамоми фикру андеша дар атрофи мавзўъ асоснок ва бо далелҳои мушаххас исбот бояд шавад. Яъне, ягон ҷумла «тарошаи аз бом афтода» набошад.
Факту рақамҳо, мисолҳо аз асар, гуфтори мунаққидон, фикрҳои шахсии иншонавис мазмун ва мантиқи асосии иншоро пурра созанд.
Хонандагон мепурсанд: оё дар иншо нақша шарт аст?
Нақша аслан шарт нест, вале ба фикри бисёр мутахассисон бе нақша навиштани иншои муназзаму мантиқӣ ва бутун душвор аст. Ба назари мо, як ҷиҳати хуби нақша аз он иборат аст, ки он барои пайдарҳамӣ ва мантиқӣ баромадани фикр кумак мерасонад. Бинобар ин, беҳтар аст, ки нақшасозиро ёд гирем. Бигзор нақша ба таври пешнавис бошад. Нақша, агар ҳамеша дар пеши чашми нависанда аён бошад, ў аз мавзўъ дур намеравад, фикр ва далелҳоро аниқ баён мекунад.
Нақшаи иншо аз се қисмати асосӣ иборат аст:
- Муқаддима.
- Қисми асосӣ бо фарогирии боб ва зербобҳо.
- Хулоса ва натиҷагирӣ.
Сохтор ва шакли иншо, яъне компазитсияи он бояд дар асоси риояи мантиқии нақшаи иншо сурат гирад.
Муқаддима, сарсухан ва хулоса ҳамчун қисм ва ё боби нақшаи иншо ҳисобида намешаванд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо