Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъзе аз ин талаботро алоҳида – алоҳида шарҳ медиҳем:
Мувофиқати мавзўъ
Барои хуб эҷод шудани иншо талаботи асосӣ нағз донистани мавзўъ аст. Бисёриҳо мавзўъро надониста, дар бораи ин ё он мавзўъ иншо менависанд. Яке аз нишонаҳои хуб донистани мавзўъ пайдо карда тавонистани «калимаи калидӣ» аст.
Калимаи калидӣ чист? Фарз кардем, ки номи мавзўъ «Симои Фирдавсӣ дар романи «Фирдавсӣ» - и С. Улуғзода»
аст. Дар ин мавзўъ калимаи калидӣ симо ва шахсияти Фирдавсӣ аст, ки дар роман мақсади асосии нависанда ба он нигаронида шудааст.
Ё ин ки аз адабиёти рус дар иншое, ки мавзўаш «Евгений Онегин» - и А. С. Пушкин аст, калимаи «энсиклопедия» калимаи калидӣ аст. Зеро В.Г. Белинский дар вақташ ин асарро «энсиклопедияи ҳаёти рус» номида буд. Чаро? Зеро нависанда тавонистааст урфу одат, анъана, тарзи ҳаёти мардуми ашрофи русро дар асри 19 ба таври барҷаста инъикос созад.
Дар мавзўи «Дувозаҳ дарвозаи Бухоро»-и Ҷалол Икромӣ ва «Ҷанг ва сулҳ»-и Л. Толстой калимаҳои калидӣ «роман – эпопея» ва «махсусияти жанрӣ» мебошанд. Жанри ин асарҳо, бешак, роман – эпопея аст. Иншонавис бояд ҳамин махсусиятро исбот карда тавонад. Дар роман – эпопея ҳамчун жанри алоҳида хусусиятҳои зер ба назар мерасанд:
инъикоси воқеаҳои таърихӣ; шумораи зиёди иштирокчиён ва хатти сужети фарогир; тасвири қишрҳои гуногуни ҷомеа, фарохии вақт.
Агар мавзўи иншо «Шоир ва шеър дар осори Турсунзода» бошад, калимаҳои калидӣ шоир ва шеър мебошанд. Бояд хотиррасон кард, ки ин мавзўъҳо дар адабиёт мавзўи анъанавӣ мебошанд. Он дар асарҳои аксар шоирон чун Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Пушкин, Лермонтов, Некрасов, Лоҳутӣ, Маяковский, Турсунзода, Муъмин Қаноат ва дигарон акс ёфтаанд.

пешина
аз 344
навбатӣ