Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳатмӣ дониста шудани иншо ҳангоми имтиҳони дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ амри воқеист.
Чаро хатмкунандагони мактаб ва дохил шавандагони мактабҳои олӣ иншоро имтиҳони душвортарин меҳисобанд?
Ин ҷо сабабҳои воқеӣ ва ғайривоқеӣ мавҷуданд. Вале дониши хуб аз фанҳои адабиёт ва таърих, ҳунари фикри худро мантиқан дуруст, равшан баён карда тавонистан бошад, маълум мешавад, ки навиштани иншо на он қадар душвор аст, ки хонандагон тасаввур мекунанд.
Баъзе норасоиҳои асосии хонандагонро ҳангоми навиштани иншо хотиррасон мекунем: такроргўӣ (рўйбардоркунӣ), муғлақбаёнӣ ва адабгуфтории ноҷо, ки дар ин бобат таъсири баъзе китобу дастурҳои солҳои охир дида мешавад; ба ҷойи таҳлил баёни мазмуни асар; аз ҳад танг ё фарох гирифтани домани мавзўъ; парешонгўӣ; надонистани истилоҳоти адабиётшиносӣ; оҷизӣ дар баёни фикр; камбағалии забон; набудани пайдарҳамии мантиқӣ; хатоҳои услубӣ; баёни хушку холӣ ва беобу ранги мазмуни асари бадеӣ...
Бо истифодаи ҳамаи ин таҷрибаҳо моро лозим меояд, ки шакли намунавии иншоро ба вуҷуд оварем. Ҳарчанд ки иншо кори эҷодист, шаклу услуби ягона надорад. То ба имрўз дар бораи қоида, шакл, мундариҷа, талаботи иншо дар ягон китоби дарсӣ маълумоти пурра пайдо кардан мумкин нест. Чанде китоб дастурҳои таълимӣ барои омўзиши иншонависӣ ҳастанд, ки онҳо ҳам танҳо баъди солҳои 90-ми асри гузашта ба майдон омадаанд. Манфиати ин дастурҳоро касе инкор намекунад. Хусусан, дастури методии Латофат Сироҷева «Таҷдиди назар ба иншо ва иншонависӣ» аз ҷиҳати фарогирии маълумоту маслиҳатҳои муфид оид ба қоидаҳои иншонависӣ, интихоби намунаи иншоҳо назаррас мебошад.
Муаллиф бо такя ба таҷрибаи омўзгории хеш оид ба назари мутахассисон дар бораи иншо, мушкилоти он, тақсимбандии иншо, шарҳи ҳар қисмати он маслиҳатҳои судманд додааст.

пешина
аз 344
навбатӣ