МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Чу ҳоли фазл бидидам, ки чист, бигзидам
Зи кор пешаи ҷулоҳагӣ барои писар.
Бад-ў навиштаму пайғом додаму гуфтам,
Ки эй Саодат дар фазл ҳеҷ ранҷ мабар.
Агар саодат хоҳӣ, чу номи хеш ҳаме
Ба сўи нақс гарою тариқи ҷаҳл сипар.
Ва дар қасоиди дигаре менолад, ки:
Чун умедам бурида шуд зи халос,
Чӣ нависам зи ҳоли худ дигар?!
Ҳоли тифлони ман чӣ гуна бувад,
Гар расадшон зи ман ба марг хабар.
Беш аз ин ҳоли худ нахоҳам гуфт,
Розиям, розиям ба ҳар чи батар.
Аммо Масъуди Саъд як шоири баландовоза ва гирем, ки борҳо «лафзи дурри дариро ба пои хукон рехт», лекин аз ин хукон ҳам дили хуше надошт ва гоҳ-гоҳ дар лобалои абёти қасоид ба рагаҳое аз шақовати онон бармехўрем, ки дар канори мадеҳаҳо ҷой гирифтанд ва албатта, баррасию таҳлили мадеҳи шоирон ба фурсате бештар ниёз доранд.
БОБИ 12
КОРҲОИ ХАТТӢ, МАХСУСИЯТ ВА МЕЪЁРҲОИ
ОНҲО АЗ ФАННИ АДАБИЁТИ ТОҶИК
Корҳои хаттӣ ва ҳунари эҷоди онҳо дар таълими адабиёт мавқеи муҳим ва арзиши зиёд дошта, дар ташаккули тафаккур, ҷаҳонбинӣ, нутқи шифоҳию хаттӣ ва дараҷаи саводнокии хонандагон нақши созанда мебошанд.
Мушоҳидаҳо собит месозанд, ки саводнокӣ ва нутқи хаттию шифоҳии хонандагон яксон набуда, аксаран ниҳоят пурғалат аст, дар навишт хатоҳои зиёди услубӣ, имлоӣ ва китобатӣ содир менамоянд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо