Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Масъуд дар тамоми тўли ин даҳ сол аз дўстон ва муқаррабони дарбор талаби ёрӣ ва раҳоӣ мекард. Амидалмулки Имодуддавла Абулқосими хос назди султон Иброҳим аз ў шафоъат ёфт ва ба Лоҳури Ҳинд рафт ва ба нигоҳдории амлоки мусодирашудаи худ ва боқимондаи мулки падарӣ пардохт. Се сол пас аз ин моҷаро султон Иброҳим даргузашт ва писараш шоҳзода Масъуд ба номи Масъуди савум ба подшоҳӣ нишаст.
Масъуди савуми Ғазнавӣ ҳукумати Ҳиндро ба фарзанди худ амир Аздуддавлаи Шерзод супурд ва қивомулмулк Абўнасри Порсиро ба вазорат ва сипаҳсолории вай баргумошт. Бўнасри Порсӣ ба сабаби дўстӣ бо Масъуди Саъд, ўро аз муқаррабини худ сохт ва пас аз фатҳи шаҳри Чоландар дорулмулки Панҷоб, тавассути Абўнасри Порсӣ, ҳукумати он ҷо ба Маъуди Саъд, ки илова бар шоирӣ дар диловарӣ ва шуҷоат низ шўҳра буд, супурда шуд. Масъуд аз ўҳдаи ин кор ба хубӣ баромад, ин бор низ ба бадбахтии дигаре мубтало шуд ва ҳанўз замоне аз ҳукумати ў нагузашта буд, ки Бўнасри Порсӣ мағзуб ва маҳбус шуд ва ҳамаи умол ва ёрони вай низ ба банд афтоданд, аз ҷумла, Масъуди Саъд, ки аз тахти ҳукумат маъзулаш сохтанд ва зиёъу иқорашро ба яғмо бурданд ва ба фармони султон Масъуд бини Иброҳим Ғазнавӣ дар қалъаи Маранҷ, ки дар махофат ва сахтҷойӣ аз бандигоҳҳои нахустин дасткамӣ надошт, ба ҳабс афтод, дар ҳоле ки худ намедонист гуноҳаш чист.

Маҳбус чаро шудам, намедонам, Донам, ки на дуздаму на айёрам.
Ва ҳашт соли дигар (аз соли 492 то 500) дар зиндони Маранҷ боқӣ монд, то оқибат ба шафоати сиқатулмулк Тоҳир бини Алии Машкон, бародарзодаи Абунасри Машкон, аз ҳабс раҳойӣ ёфт, дар ҳоле ки дигар тобу тавон ба тан надошт ва ҷавониро аз даст дода буд. Муддати ҳабси ўро ҳаҷдаҳ, нуздаҳ ё бисту ду сол гуфтаанд, аммо худ ба нуздаҳ сол ишорат дорад ва хитоб ба Абдулфараҷи Рунӣ, ки мусаббати ҳабси ў буда, гуфтааст.

пешина
аз 344
навбатӣ