МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Зиндонҳои Хоқонӣ, бемориҳои Анварӣ, дилтангиҳои Фирдавсӣ, дарбадариҳои Носири Хусрав, риёситезиҳои Ҳофиз дар муқобили солҳои сол маҳбаснишинӣ ва дардошноии Масъуди Саъд кўчак менамояд. Ҳарчанд ки зиндони махуфи ҷаҳон даруни ҳамаи аҳли дилро пайваста аз дард пур кардаву мекунад.
Чунон ки дар таворих омадааст, сиёҳчолҳои тарснок ва раъбангез дар дили кўҳҳо ё дар қалъачаҳо таъбия мешуд, ки шакли аслии он иборат буд аз чоҳи баланд ба умқи даҳ ё бист метр, ки дар таҳи он ғорҳоеро эҷод мекарданд ва маҳкум ё бегуноҳ ё гунаҳкорро дар он ҷо маҳбус месохтанд. Ба тавре ки зиндонӣ осмонро бар болои сари худ ҳамчун синӣ (зарфи гирда) ё табақи мудавваре медид ва фақат метавонист як ситораро дар осмони паҳновар аз даҳанаи чоҳ назар кунад. Ғолибан ин маҳбусон дар дили чоҳ фаромўш мешуданд ё аз гуруснагиву ташнагӣ ва беморӣ мемурданд. Гоҳе маҳбусинро дар қалъаҳои махуф ва матрук ба занҷир мекашиданд ва муниси онон зиндонбон ва донаҳои занҷир буд. Масъуди Саъд муддати ҳаждаҳ сол ва ба қавле бист ё бисту ду сол дар чунин зиндонҳо асир буд. Албатта, худи Масъуд ба нуздаҳ сол ишорат дорад.
Масъуди Саъди Салмон дар асри Ғазнавиён мезист, Ғазнавиён эронитабор набуданд, дар натиҷа ҳамосаҳои Фирдавсӣ ва покдилиҳои Масъудро наметавонистанд бартобанд.
Масъуд дар Лоҳур- маркази ҳукумати Ғазнавиёни Ҳинд ба дунё омад, ба дарбори Султон Иброҳим, фарзанди султон Масъуди Ғазнавӣ, шитофт ва ўро мадҳ кард. Шоҳзода Сайфуддавла Маҳмуд бинни Иброҳим Масъудро муқарраб ва муҳтарам дошт ва бо ў дўстӣ ва ҳамнишинӣ гузид ва ҳангоме ки ин амирзода ба ҳукмронии Ҳинд расид, Масъуди Саъдро ҳам бо худ ба мақарри ҳукумат бурд. Се сол баъд Сайфуддавла муттаҳам ба ҳамкорӣ ва тақарруб ба даргоҳи Маликшоҳи салҷуқӣ шуд ва роҳии зиндон гардид ва бад-ин хотир надимону ҳамдамони вай низ, аз ҷумла Масъуди Саъд ба банд кашида шуданд. Аммо пас аз чанде

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо