МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Оре, ин кор зиёд иттифоқ афтода ва кўдаконе, ки фишори дарди ятимӣ бар қалби онон сангинӣ карда ва камбудии бузургеро эҳсос намудаанд, ба фикри чораи ин камбуд афтодаанд ва барои ҷуброни он истеъдод ва ҳуши хешро ба кор гирифтаанд ва изофа ба ин ки тавонистаанд гилеми хешро аз об дароваранд, гоҳо мухтареъ ва мукташиф, донишманду ҳаким, файласуф, ориф, нависанда, таърихнавис, адибу шоир, пешвову муҷоҳид ва билохира мунҷӣ ва роҳнамои ҳидоят ва хидмат ба миллиардҳо инсон дар тўли таърихи башарият гардидаанд! Аз ин миён сарнавишти шоири бузурги мо Саъдӣ ва нависандаи нобиғаи рус Лев Толстой дарси ибрат аст.
САЪДИИ ШЕРОЗӢ
Шайх Мушрифиддин Муслиҳ ибни Абдуллоҳи Шерозӣ, ки лақаби ў «афсаҳул мутакаллимин» аст, ҳанўз кўдаке беш набуд, ки аз сарпарастии падар маҳрум гардид ва дар асари мушкили фақр тавоноии рафтан ба мактабро надошт. Он тавре ки нигоранда дар китобе мехондам, Саъдӣ дар як нонвое машғул ба кор шуд, аммо дар асари шавқу алоқае, ки ба хондан ва навиштан дошт, гоҳе қитъаҳое кўчаки коғазро дар кўчаҳо бармедошт ва хона мебурд ва рўи он чиз менавишт ва машқ анҷом медод ва нахуст бад-ин васила хондану навиштанро омўхт.
Ба ҳар ҳол, Саъдӣ бо вуҷуди он ки падар ва сарпарасти зиндагии худро аз даст дода ва бо мушкилоти сахти пулӣ ҳам дастбагиребон буд, дар Шероз ба таҳсил пардохт, барои касби маориф ва такмили таҳсилот ба Ироқ сафар кард ва дар мадрасаи Низомияи Бағдод ба таҳсил идома дод, ба мусофиратҳои зиёратӣ ва саёҳатии Макка, Сурия, Лубнон, Ҳиҷоз, савоҳили Мадитарона ва ҳудуди шимоли Африқо пардохт ва ба ҳузури уламо ва донишмандони бузург расид, дар соли 655 китоби «Бўстон»-ро навишт ва ў, ки дар соли 604 қамарӣ ба дунё омада буд ва як умри навадсолиро падруд гуфт ва дар маҳалле, ки ба Саъдияи Шероз маъруф аст, мадфун гардид. Ва акнун, ки ҳафт қарн аз тулўъи ў мегузарад, Саъдӣ ба василаи китоби мондагори «Гулистон» ва қасоид ва ғазалиёти хеш ба унвони як чеҳраи нуронӣ дар осмони илму адаби форсӣ медурахшад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо