Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гуфт: Аз беадабон. Ҳар чӣ аз эшон дар назарам нописанд
омад, аз феъли он парҳез кардам.
Нагўянд аз сари бозича ҳарфе,
К-аз он панде нагирад соҳиби ҳуш.
В-агар сад боби ҳикмат пеши нодон
Бихонанд, оядаш бозича дар гўш.
Аз «Маснавӣ»:
Буд Луқмон пеши хоҷай хештан,
Дар миёни бандагонаш хортан.
Мефиристод ў ғуломонро ба боғ,
То ки мева оядаш баҳри фароғ.
Буд Луқмон бар ғуломон чун туфайл,
Пурмаъонӣ, тирасурат ҳамчу лайл.
Он ғуломон меваҳои ҷамъро,
Хуш бихўрданд аз ниҳеб тамъро.
Хоҷаро гуфтанд Луқмон хўрд он,
Хоҷа бар Луқмон туруш гашту гарон.
Чун тафаҳҳус кард Луқмон он сабаб,
Дар итоби хоҷааш бикшод лаб.
Гуфт Луқмон, сайидо, пеши Худо,
Бандаи хоин набошад муртаҷо.
Имтиҳон кун ҷумла моро, эй карим,
Серамон дардеҳ ту аз оби ҳамим.
Баъди он моро ба саҳрое калон,
Ту савора, мо пиёда бардавон.
Онгаҳон бингар ту бадкирдорро,
Сунъҳои кошифи асрорро.
Гашт соқӣ хоҷа аз оби ҳамим,
Мар ғуломонрову хурданд он забим.
Баъд аз он мерондашон дар даштҳо,
Медавидандӣ миёни киштҳо.
Кай дарафтоданду эшон даръано,
Об меовард зи эшон меваҳо.
Чунки Луқмонро даромад қай зи ноф,
Медаромад аз дарунаш оби соф.
Ҳикмати Луқмон чу тонад ин намуд,
Пас, чӣ бошад ҳикмати раббулвуҷуд.

пешина
аз 344
навбатӣ