Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Омўзгор шахси шарафманд, пурифтихор, поквиҷдон, покдил, собитқадам, вафодору беғараз, ҳақталош ва шикастанафс буда, барои ноилшавӣ ба натиҷаҳои фаъолияти касбӣ дар доираи имконияти хеш аз ҳама воситаҳо, донишҳои замонавӣ, усулҳои фаъоли таълиму тарбияи муосир истифода мебарад, баҳри ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқ, манфиат, шаъну шараф ва номи неки инсон талош меварзад, илму маърифатро меомўзонад ва инсонро бо нури ақлу дониш зи ҷаҳлободи нодонӣ бадар месозад. Дар ниҳоди омўзгор на фақат қобилияти раҳнамоии обод доштани ҷаҳон, шинохти ҳақ ва офаридагорӣ вогузошта шудааст, балки истеъдоду ҳунари тарбиятгарӣ, павариши ақлу хирад, имону виҷдон ва камолоти инсон ато гардидааст. Ба ин восита инсон дар ин дунё асрори офариниш, парвариш, розҳои вуҷуд ва маънии зиндагиро дарк намуда, баҳри обод ва зебо гардонидани олами хеш талош меварзад.
Омўзгор паваришгари ақлу хирад ва касбу ҳунаромўзи насли наврас ва тамоми қишрҳои иҷтимоъ аст.
Парвариш ва ё парваридан аз решаи «парвард», ки мансуб ба забони қадимии ниёкон аст, маънои парасторӣ, парвариш, парвардан, ғамхорӣ ва тарбиятро дорад. Маънои маҷозии вожаи «парварида» шогирд ва фарзанд мебошад. Вожаи «парвариш» дар ибтидои тамаддун ба парвариши инсон тааллуқ дошта, минбаъд ба гулу гиёҳ, дарахт ва дигар аҷсоми табиат алоқаманд гаштааст. Дар луғат ва фарҳангҳои гуногун ин таъбир дар вожаи муътабари «Парвардигор» бо фаҳмиши парваришгар, тарбиятгар, парваранда ва мураббии инсон дарҷ гардида, бишак, бо ҳидоятсозӣ ва парваришгарӣ дар радифи пешаи пайғамбарон ҷойгоҳи сазовор дошта, бо мукофоти амалаш дар назди халқу худои мутаол маҳбуб гардидааст.

пешина
аз 344
навбатӣ