МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Вазифаи аввалини омўзгор дар зинаи нахустини ошноӣ бо асари бадеӣ аз он иборат аст, ки эҳсосоти хонандагонро бедор карда, онро бо роҳи дуруст ва судманд равона кунад.
Ҳамин тариқ, дарси раҳнамо матни бадеиро ба фазои ҳиссӣ ворид месозад ва дарки тобиши аслии онро осон мекунад.
Барои дар ин замина комёб шудан лозим аст, ки ба хонандагон дар бораи ангезаҳои ҳиссии осори мушаххаси адабӣ хабар дод, образҳои бадеӣ чӣ ангезаҳои ҳиссӣ доранд, ба хусус, агар хонанда бо шеър сару кор дошта бошад.
Масалан, ҳангоми дар синфи У омўхтани афсонаи «Эраҷи тилисмшикан» муаллим мундариҷаи рамзии онро, ки сарнавишт ва орзую ормони инсонҳои нахустинро ифода мекунад, ошкор намояд. Ин дарс заминасози ҳиссу андешаи хонандагон барои дарки зарбулмасалу мақолҳо мебошад.
Оҳанги нақли омўзгор дар афсонаи зикршуда бояд боварибахш, устувор ва самимона бошад. Нутқаш шоирона ва рангин баён гардад. Дар ин ҳол набояд фаромўш кард, ки ҷараёни тафаккури ҳар хонанда фардӣ буда, вале дар ин замина миёни онҳо умумияте низ ҳаст. Зеро тафаккурро омўзиши ягонаи матни бадеӣ ва таҷрибаи зебошинохтӣ барои ҳамаи синф шакл медиҳад. Ҳиссиёте, ки асари омўхташаванда ба вуҷуд меоварад, аз бисёр ҷиҳат ба имтиёзи оҳанги он, ки омўзгор дар рафти таҳлили забонӣ, ба хусус, таҳлили матнҳои шеърӣ ошкор месозад, вобаста мебошад.
Муаллим бояд хусусияти идроки хонандагонро муайян карда, дар равиши дарс имтиёзи оҳангнокии матнро қиёс кунад. Ин имкон медиҳад, ки дар бораи дурустии дарки мавод аз ҷониби хонандагон қазоват кунем ва дар сурати фосилагирӣ дар вақти таҳлили омўзишии матн шарҳ дода тавонем. Пеш аз омўзиши ин гуна матнҳо дар дарси раҳнамо дар хонандагон ҳиссеро бедор кардан лозим аст, ки ба оҳанги умумии асар - шодӣ, ҳаяҷон, ғам, таассуф, норозигӣ, бадбинӣ ва ғайра мувофиқ бошад. Дар ин кор муаллим ҳамон вақт комилан комёб мешавад, ки агар хонандагонро ба дарки дуруст ва воқеии матни бадеӣ, паҳлуҳои ҳиссии он, моҳияти андешаи муаллиф раҳнамоӣ карда тавонад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо