Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бояд дар роҳи азхудкунии навъҳои гуногуни адабӣ хусусияти хоси идроки хонандагонро ба назар гирифт. Ин равиш метавонад хусусияти ибтидои азхудкунии асар ва амиқбурди минбаъдҳои онро ошкор созад. Неруи бевоситаи таассуроти ҳиссӣ хусусияти хоси дарки осори эҷодӣ мебошад. Хонандагони синфҳои 5-7 ба шеъри ғиноӣ таваҷҷуҳи бештар доранд. Шавқи хонандагони синфҳои 10-
11 нисбат ба синфҳои 8-9 ба осори ғиноӣ зиёд мешавад, вале дар сатҳу савияи беҳтару бештаре. Дар ин зинаи таҳсил на фақат дарки маънии ҷомеъи тасвирҳои шеърӣ, балки азхудкунии нақши ҳиссии ва маънавии шакли шеърӣ низ барои хонандагон мушкилиҳои зиёде пеш меоварад.
Омзӯгор дар вақти таълими шеъри ғиноӣ хонандагонро вориди ҷаҳони маънӣ ва ҳиссӣ муаллиф месозад. Дар ин замина ҳангоми таҳлили ҷузъиёти шеъри лирикӣ ва умумиятдиҳии он набояд шитобкорӣ кард. Ба хонандагон талқин бояд кард, ки омӯзиши шеъри ғиноиро ҳамчун яке аз масъулиятҳои асосии омӯзиши адабиёт ба назар гиранд.
Душвории омӯзиши драма ба масъалаи набудани нутқи муаллиф, аҳамияти хоси сухани шахсиятҳо, махлутии маъниву эҳсос, таносуби драма бо ногузирии таҷассуми саҳнавӣ ва он маъниҳои нуҳуфтаи воқеияти зиндагӣ, ки хонанда зуд ба он сарфаҳм намеравад, алоқаманд мебошад.
Дар ин ҳол ба хонандагон чунин усулҳои кор, монанди хониши ифоданок ва тафсирӣ, аз рӯи нақшҳо хондан, ошноӣ бо таърихи басаҳнагузории асар, суҳбат дар боби асари саҳнавии ( спектакл) тамошокарда истифода мешавад.
Хониши ифоданок ва нақши сужаи асари саҳнавӣ ба дарки амиқи ҳиссӣ ва мазмуни асар мусоидат мекунад.
Таълими навъҳои ҳаммосӣ (эпикӣ), ки дар барнома ҷойгоҳи хос доранд, барои хонандагони синфҳои миёна ба болои душвориҳо доарнд.

пешина
аз 344
навбатӣ