Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ҳамин зинаи хониш мо аз тобишҳои аз ғазаб ба андўҳ, аз шодӣ ба ғам, тамасхуру истеҳзо ва ғайра низ истифода мебарем.
Ин вазифа дар синфи 5 низ иҷро карда мешавад, вале чандон дақиқ ва андешидашуда не. Масалан, шеъри Эраҷ Мирзо «Қадри модар» аз аввал то охир ба як оҳанг хонда мешавад:
Писар, рав қадри модар дон, ки доим, Кашад ранҷи писар бечора модар.
Бирав, беш аз падар хоҳаш, ки хоҳад, Туро беш аз падар бечора модар.

Вале дар синфи 6 пораи достони Муъмин Қаноат «Мавҷҳои Днепр» (дар мисоли «Мавҷи бародарӣ») бо дигар тарз хонда мешавад. Оғози ин пораро бо овози нарм ба оҳанги ёддошт бояд хонд:

Ба дида нақши рўи ту,
Ба гўш гуфтугўи ту.
Ҳанўз аз димоғи ман
Нарафтааст бўи ту

Вале баъд андўҳи дили шоирро бояд бо овоз ифода кард, яъне танини овоз дигар мешавад. Оҳанги хониш бояд гиреҳи ҳолат ва ормони шоири бародарашро дар корзорони ҷанг бохтаро ифода кунад. Ин тарзи хониш ғановати мусиқии асарро афзоиш медиҳад ва таъкидро бар болои пораҳои ҷудогонаи достон гузошта, имкон медиҳад, ки ҳар пора бо оҳанги хос қироат шавад.
Дар ин зина аз рўи нақшҳо хондан низ пурарзиш аст. Ин тарзи хониш нутқи қаҳрамонҳоро мушаххас месозад ва ба хусусиятҳои хоси ин гуна нутқ таъкид меварзад. Барои роҳ кушодан ба ин гуна хониш муаллим метавонад аз драмаи С.Аюбӣ «Амир Исмоил» истифода барад. Аз сухани Амир Имоил, Абулфазли Балъамӣ ва Дақиқӣ хонанда сифати инсонии онҳоро дарёфта, тарзи хондан дар нақшҳоро меомўзад.

пешина
аз 344
навбатӣ