МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
касалманд буд, аз мадрасаи Кўкалтош ба ҳоли аҷибе оварда, ба дарвозаи Арки Бухоро бераҳмона ва бешармона амиру вазир ба иқтизои аҳли балво 75 чўб таъзир карданд ва ба яке аз маҳбасҳои он ҷо, ки обхона меноманд, ба ҳамон ҳол
1 андохтанд».
Солҳои сиюм вақте ки ба Айнӣ тамғаи «душмани халқро баста, ўро миллатчии буржуазӣ» муаррифӣ мекарданд, «иродаи қавӣ, ҷасорати меҳанпарастӣ ва ватандўстӣ, алоқаи ботинии ў» (Камол Айнӣ) нисбати халқу сарнавишти миллат зоҳир гардид. Ба шаҳодати фарзанди устод – Камол Айнӣ мисраи Камол: «То ҳаст ба ҷонам рамақе, кори ман ин аст»
то нафасҳои вопасин шиори зиндагии устод Айнӣ будааст.
Муаллим ҳангоми таълими зиндагиномаи Айнӣ ба он бояд таъкид кунад, ки Айнӣ дар он солҳои душвори душмансозиҳо ва баъд чӣ гуна хислати аслии инсонӣ ва ҳунариашро ҳифз намуд. Ин барои ошноии хонандагон ба шахсияти Айнӣ ниҳоят муҳим аст.
Бо ин роҳ мо метавонем хонандагонро маҳрам ва шарики зиндагӣ, ғаму шодӣ, шикасту рехти ў созем ва бо ин роҳ ҷаҳони пурмоя ва ормонҳои ахлоқии адибро барои хонандагон боз карда, ҷаҳони маънавии онҳоро ғанӣ гардонем. Истифода аз китобҳои муҳиме, ки дар бораи зиндагиномаи шахсиятҳои бузург навишта шудаанд, воситаи муҳимест, ки ҷаҳони маънавӣ ва ахлоқи инсонии наврасонро такмил мебахшад. Ин китобҳо, бешак, қомуси худсозии хонандагон хоҳанд буд. Зеро ормон инсонро ба сўи ноёфтаҳо савқ медиҳанд.
Хонандагон ба ҳаёти пурвоқеа, сермаҳсул, пур аз ҷустуҷўҳои адиб рағбат пайдо мекунанд. Одамият, саховатмандии ў офаридаҳои адибро маҳрами рўҳи онҳо месозад.
Хонандагон на лаҳзаҳои алоҳида-алоҳидаро аз зиндагии адиб, балки чизи муҳим, аз ҳама асосии шахсияти ўро бояд
Аз рўзномаи Шарифҷон Махдуми Садри Зиё ба ёд гиранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё