МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
бардавомии ҳастии башарият масъул дониста, таъкид кунад, ки зодаи одам бо корбурди маърифату дастуруламали ақлу заковат бахту саодати инсонӣ офарида, баҳри аз таҳқиру нокомиҳо
1 раҳонидани ҳамдигар даст ба даст бошанд».
Дар ин росто шеъри шоири тавонои мо Бозор Собир «Аҳмади Дониш» метавонад дар шинохти шахсияти инсонии ин мутафаккир раҳнамо бошад. Эпиграфи Бозор Собир ба ин шеър «аз қабри ту фаромўш карда бошанд ва надонанд, ки мақбараи ту куҷост», ки аз забони Аҳмади Дониш овардааст, фотиҳаи боби дарси худшиносист дар ин мавзўъ.
Қисмати Садриддин Айнӣ бо халқаш пайванди комилан дигаре дорад. Беҳтарин фазилатҳои халқи тоҷик бо ҳамаи вусъат ва неру дар шахсияти Айнӣ ғунҷидаанд. Ин маъниро Бозор Собир дар шеъри «Айнӣ» хеле барҷаста ифода намудааст.
Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд, Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд.
Сарзамини мо худ аз осори ў сар мешавад, Ин замин бо ў ба дунёе баробар мешавад…
Гарчи табъи Рўдакӣ шеъри закӣ эҷод кард, Офарин бар табъи Айнӣ-Рўдакӣ эҷод кард.
Гар ба дунё рафт Сино чун табиби иллате, Кард ўро ҳиммати Айнӣ табиби миллате.
Тоҷиконро аз замин чун донаҳо дарёфт ў, Чун китоби кўҳна аз вайронаҳо дарёфт ў.
Тоҷикистон гар на, ҳар як тоҷике осори ўст, Хотири бедори мардум хотири бедори ўст.
Шояд омезиши ҳастии Садриддин Айнӣ ва халқи тоҷикро то имрўз беҳтар аз Бозор Собир адибе баён накардааст. Хонандагони синфҳои боло дар бораи зиндагӣ ва мушкилоти он ба таври ҷиддӣ меандешанд, шавқу рағбати онҳо ба масъалаҳои ахлоқӣ меафзояд, онҳо саъй менамоянд, ки эътиборашонро қадр кунанд, ҷойгоҳашонро дар зиндагӣ
1
Алиқул Девонақулов. Аҳмади Дониш мураббии инсон. Дар китоби Аҳмади
Дониш. «Наводир-ул-вақоеъ». Душанбе, «Дониш» 1989, саҳ. 4.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё