МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Сурудгўён, гўӣ, ҳазордастон буд… - ро
мехонем, мо бояд донем, ки Рўдакӣ бо Наср ибни Аҳмад чӣ қаробате дошт, аз ҳикояти сарчашмаҳо доир ба он ки Наср ибни Аҳмад шоири бузургро сарватманд гардонидаст, хабардор бошем ва ҳаққу ноҳақи онро бишносем. Дар ин замина ба шеъри шоир низ таваҷҷуҳ бояд дошт, ки дар шинохти замони зиндагии шоир ва алоқамандии ў бо муосиронаш сарчашмаи бебаҳост. Аз ҷумла, ду байте, ки мо аз қасидаи зикршуда овардем, як пораи тарҷимаи ҳоли шоири бузург аст. Чунон ки мебинем, дар ин қасида мамдўҳи ў, пеш аз ҳама, Насри Сомонӣ будааст. Вале “шоири бузург нафақат барои мамдўҳи маъруфи худ, балки ба Абулфазли Балъамӣ, Мусъабӣ ва ба як миқдор дарбориёни дараҷаи аввал низ мадеҳа сароидааст ва аз тарафи онҳо ба шоир инъоми
1 зиёд расидааст».
Воқеияти таърихӣ ва шеъри шоир бар он далолат мекунад, ки мақсади Рўдакӣ “аз сурудани мадеҳа ва умуман хидмати дарбор фақат гирифтани инъом набудааст. Балки ҳадафи аслии ў ба курсии иззат нишондани сухани форсӣ будааст, ки сарнавишти ў ва шеъраш инро собит месозад.
Агар муаллим ба тариқи умумӣ дар бораи замони зиндагии Рўдакӣ, мақоми Сомониён дар пешрафти илму адаб сухан гўяд, хонандагон замонро эҳсос намекунанд. Замони зиндагии шоир дар алоқамандӣ бо зиндагиномаи шоир бояд тарзе омўхта шавад, ки он ба зеҳни хонанда изофа шавад. Бар асоси ин таҷриба дигар чеҳраи Рўдакӣ фақат акси кўҳнаи рангпаридаи таърихӣ нест, ки дар қобе чашм ба мо дўхта бошад, балки худи Рўдакист, ки аз он намо ва рўҳи ниёкон меояд, рў ба рўи мо менишинад ва шеъру сарнавишташ ҳамаи он чиро, ки аз сари ў гузаштааст, ба мо нақл менамояд.
Тафсири оддии воқеаҳову санадҳо чеҳраи инсонӣ ва шоирии
1 Абдулғанӣ Мирзоев. Рўдакӣ ва ҷараёни зиндагии ў. Дар китоби “Рўдакӣ ва замони ў», Сталинобод, 1958, саҳ 32.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё